Лола Азизова дар рустои Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Волидайнаш аз Кӯҳистони Мастчоҳ буданд, ки дар замони Шӯравӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулом муҳоҷир шудаанд. Сароянда мегӯяд, ки дар оғози роҳи сарояндагӣ зиёд азоб кашидааст, зеро пайвандонаш зид буданд, ки ӯ роҳи ҳунарро интихоб кунад.
“Ман бо бисёр зиддиятҳо ба роҳи ҳунар омадам. Духтари деҳа будам, ва пайвандонам барои сароянда шуданам комилан мухолиф буданд. Хело мушкил буд. Ҳамон солҳо ҳатто барои муаллима, ё табиб шудан духтарон иҷоза надоштанд. Лекин падари бузургворам, ки санъатдӯст буданд, ягона такягоҳу дастгири ман шуданд. Заҳматҳои он кас буд, ки ман баҳадафҳои худ расидам. Аммо сад афсӯс, ки замони донишҷӯӣ падарам дунёро тарк карданд. Бисёр мехостам имрӯз падарам дар барам бошанду муваффақиятҳои маро бубинанд. Кош он кас обрӯву шуҳрат, ҳурмату эҳтиром ва маҳбубияти дар байни мардум доштаамро медиданд. Боре нашуд, ки дар сари дастурхонам меҳмон шаванду як коса хӯрок, ё луқмаи нони ба меҳр пухтаи маро бичашанд. Афсӯс, ки пиёлаи чойе аз дастам нахӯрданд. Дар насибу қисматам чунин будааст, ки дарди бепадариро аз ҷавонӣ таҷриба кардам. Имрӯз, кӯдакиҳоямро ба хотир оварда, худро таскин медиҳам”,- мегӯяд Лола Азизова.
Дар оғӯши “Дарё”
Лола Азизова пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номиСодирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, соли 1982 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, дар риштаи мусиқии суннатӣ таҳсилмекунад. Устоди ӯ, нобиғаи ҳунари тоҷик Барно Исҳоқова буд.
Дар баробари таҳсил дар Донишкада Лола Азизова дар дастаи бонувони рубобии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон ба фаъолият оғоз намуд. Ду сол сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 1989 то расидан ба синни нафақадар дастаи ҳунарии «Дарё» фаъолияти хешро идома дод. Маҳз ансамбли “Дарё” парвозгоҳи ин сароянда шуд ва ӯро дар саросари кишвар маъруф кард.
Лола Азизова дар ҳама жанрҳо ҳунарнамоӣ кардааст: ҳамсурудҳои классикӣ, ҳам сурудҳои мардумии водии Зарафшон ва ҳам сурдҳои эстарадӣ.
“Фикр мекунам, ки маро бештар суруди “Афсонаи ишқ” байни мардум машҳур кард. Баъдан, бо сурудани рубоёти зарафшонӣ ва бо пӯшидани либоси тоҷикона шинохта шудам”,- мегӯяд Лола Азизова.
«Соқиномаи Савти Калон», «Чоргоҳ», «Ним-чупонӣ» аз“Шашмақом”, маҷмӯи таронаҳои халқию касбии «Афсонаи ишқ», «Тоҷикистон», «Нилуфар», «Рубоиҳои саргаҳи Зарафшон», «Наврӯз», «Ганҷи дил», «Шаби борон», «Алла» ва ғайра аз сурудаҳои ҳастанд, ки Лола Азизоваро маҳбуби мухлисон кардаанд.
“Суруд агар дард дошта бошад, зудтар дар қалби шунаванда ҷой мешавад. Инсон бедард буда наметавонад. Агар ҳунарманд дард дошта бошад ва бо тамоми эҳсос хонад, он суруд шӯҳрат меёбад. Ман як умр дарди бе модариву бепадариро кашидам. Ҳанӯзхурд будам, ки модарам, ва донишҷӯ будам, ки падарам аз олам гузаштанд. Ин алам дар дили ман монд. Ин буд, ки сурудҳои падару модарро бо сӯзи ҷон месароидам вамедидам, ки шунавандагон чӣ гуна ашк мерехтанд”,- мегӯяд сароянда.
Суруд барои фарзандон
Лола Азизова дар баробари тавфиқ ёфтан дар роҳи ҳунар оилаи обод низ дорад. Шавҳараш адиб ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик - ШаҳобиддиниҲақназар дар зиндагӣ дастгиру мададгораш будааст.
“Бисёриҳо мегӯянд, ки зиндагии муштараки ду эҷодкор бисёр мушкил аст, аммо ман ҳамчун як ҳунарманд мегӯям, душвор нест. Ман хушбахтам, зеро соҳиби шавҳаре ҳастам, ки ҳамеша аз дили ман бохабаранд. Имрӯз, агар ба кадом қуллае расида бошам, бо шарофати кӯмаку дастгирии шавҳарам аст”,- мегӯяд Лола Азизова.
Лола Азизова бо шавҳараш се фарзандро ба воя расонидаанд. Мегӯяд, барои фарзандонаш сурудҳо бахшидааст.
“Вақте Нилуфар ба дунё омад, суруде бо номи “Нилуфар”омода намудам, баъдан “Наврӯз”-ро барои писарам Наврӯз ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо умед ба тинҷию амонӣ ва дидори рӯзҳои хуб бо номи писари хурдиамБеҳрӯз суруд сароидам. Баъзан, бо шӯхӣ ба шавҳарам мегӯям, ки суруди “Ҳай ёр-ёр, ёри мане”-ро барои шумо бахшидаам”.
Тарбияи шогирдон
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанбе дарс мегӯяд ва ба тарбияи истеъдодҳои ҷавонмашғул аст.
“Соли 2014 ба нафақа баромадам. Ҳақ доштам, ки пас аз нафақа ҳам бо шартнома корамро дар дастаи ҳунарии “Дарё” идома диҳам. Чун Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон будам, ва барои хидматҳои шоён ба нафақа баромадам. Ба ҳеҷ ваҷҳ монеаи идомаи кори ман шуда наметавонистанд, вале он замон бародарамро аз даст дода будам, бинобар ин, хоҳиши кор карданро надоштам. Ҳоло бештари вақтам бо шогирдонам мегузарад. Худро ба роҳи тарбияти насли нав бахшидам ва ҳама саъю талошамро ба ин роҳ равона мекунам”,- мегӯяд Лола Азизова.
Вале Лола Азизова эҷоди сурудҳои нав, ҳунарнамоӣ дар барномаҳои консертӣ, сабти сурудҳо дар телевизиону радио ва хидмат дар тӯю маъракаҳоро идома медиҳад.
Мактаби ҳунар
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Лола Азизова аз он нигарон аст, ки имрӯзҳо бархе аз сарояндагони ҷавони мо, сурудҳои каммазмун месароянд ва бештар ба ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ тақлид мекунанд.
“Имрӯз, барои пешрафти ҷавонон ҳама гуна шароит вуҷуд дорад. Дар замони мо чунин набуд. Бисёр заҳмат мекашидем, ки ба як нуқта расему баъди худ чизе барои ҷомеа бимонем. Намегӯям, ки ҷавонони имрӯз беистеъдоданд, ҳастанд нафароне, ки воқеан ҳунару истеъдод доранд, вале пешравии онҳо аз устод вобастагии калон дорад. Ҳунарманде, ки аз кӯча меояд, зуд аз байни мардум дур мешавад. Сурудҳои асил ҳамеша умри дароз доранд. Ҷавонҳои мо бештар ба Аврупову дигар кишварҳои хориҷӣ такя намуданд, лекин чизе ба даст наоварданд ва дубора баргаштанд ба сурудҳои устодони худамон, ба санъати асиламон. Санъат бояд мактаби устоду шогирд бошад. Ман чор сол дар омӯзишгоҳ хондам, панҷ сол шашмақомро дар назди Барно Исҳоқова омӯхтам, баъд ба саҳна баромадам ва муаррифӣ шудам”,- мегӯяд ӯ.
Гузашти умр
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова мегӯяд, ки аз сарнавишти хеш розӣ аст.
“Имрӯз ба роҳи тайкардаи 40-солаам дар ҳунар менигарам, бурдҳои бузург ва меҳри мардум ва муҳаббати ҳунарро ба даст овардаам. Худситоӣ намекунам, аммо имрӯз ҳамон нафароне, ки барои сароянда шуданам зид буданд, аз камина ифтихор мекунанд. Замоне, ки ман аз рустои дурдасте ба саҳнаи ҳунар омадам, пайвандону ҳамдеҳагонам мухолифи роҳи пешгирифтаи ман буданд, аммо ҳоло дар симои ман духтаронашонро ба роҳи овозхонӣ мегуселонанд. Хушбахтам, ки барои дигар кардани андешаи зидду нақиз ба овозхонии духтар, кам ҳам бошад, саҳме гузоштам”,- мегӯяд сароянда.
О. НОЗИР