Лоиқ Раҷабов, размкори тоҷик шаби 2 ба 3-юми март дар доираи UFC бо варзишгари урдунӣ Абдул-Карим Ал-Селвади рақобат хоҳад кард.
Баргузории муҳорибаҳои омехтаи UFC Fight Night 238 дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико дар толори «UFC Apex» шаби 3-март дар назар дошта шудааст.
Рақобати асосӣ дар вазни зиёд миёни Жаирзино Розенстрайк ва Шамил Газиев муқаррар шуда, қувваозмоиҳои пешакӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе ва қувваозмоиҳои асосӣ нимашаб оғоз хоҳад гашт.
Қаблан эълон шуда буд, ки қувваозмоӣ дар Риёз баргузор мешавад, вале баъдан макони мусобиқот иваз шуда ба ИМА гузаронида шуд.
Тавре ки ТВ-Варзиш хабар додааст, барои Лоиқ Раҷабов ин сеюмин муҳориба дар ташкилоти бонуфузи UFC мебошад, барои ҳарифи ӯ бошад, рақобати дебюти маҳсуб мешавад.