arzon replenishment
Легендаи эстрадаи тоҷик дар Олмон даргузашт
703

Дирӯз дар Олмон яке аз асосгузорони эстрадаи тоҷик, бунёдгузори ансамбли овозадори "Гулшан" Лайло Шарифова дар синни 94 солагӣ аз олам даргузашт.

Лайло Шарифова дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ таваллуд шудааст. Падараш то солҳои 1933 тоҷир буд ва ин пешааш ӯро то ба Озарбойҷони шӯравӣ ҳам бурдааст. Чун дар Озарбойҷон шароити таваллудхонаҳо хуб набуд, модарашро ба Маскав мебаранд, вале табибон ӯро дар он ҷо қабул намекунанд.

Модараш вақте мехост ба Боку баргардад, дар байни Маскав ва Озарбойҷон Лайло дар дохили ҳавопаймо 28 январи соли 1930 таваллуд шуд. Баъди ин ба Машҳади Эрон баргаштанд ва ӯ ҳам дар он ҷо бузург шуда, дар мактаб таҳсил кард.Ӯ дар нимаи дуюми солҳои 1950-ум бо шавҳараш Эронро тарк кард. Ҷуфти ҷавон дар Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳандаи сиёсӣ шуданд.

Лайло Шарифова Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо дар соли 1959 хатм карда, дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ба фаъолият мепардозад ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Соли 1964 назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ — «Гулшан» созмон дод ва роҳбари бадеии он гардид. Соли 1967 Тоҷикистонро тарк кард ва фаъолияти минбаъдааш дар Озарбойҷон ҷараён гирифтааст. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон кӯчид.

Лайло Шарифова бо туркӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ ва дигар забонҳо таронаҳои зиёд хондааст. Дар хазинаи Радиои тоҷик «Ҷонона», «Моҳпайкари ман», «Эй шохи гул», «Чашми сиёҳ», «Дар хаёли ту», «Куҷоӣ», «Марямҷон», «Бевафоӣ», «Шоҳи парӣ», «Саҳаргоҳон», «Як шабе», «Райҳон», «Биё, эй ёр», «Ёри тоҷикам», «Алла», «Бе сурма ҳам зебоӣ», «Рафтем, рафтем», «Чашм во кун», «Париҷон», «Ҳадя», «Интизори ман», «Эй моҳи ҳинду», «Гули хандонам», «Халваҷӣ», «Кабутари сафеди ман» барин сурудҳояш маҳфузанд ва чун ёдгоре аз ин бонуи ҳунар боқӣ мондаанд.

Лайло Шарифова унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро дошт. Солҳои охир дар Олмон ба навиштани шеър ва достонҳо машғул буд ва рӯзноманигорӣ ҳам мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД