Савол:
Салом ба хонандагони сомона. Ман Сумая, аз ноҳияи Восеъ. Пайваста дар хобам тоату ибодат ва дар маҷмӯъ, бештар шаби Қадрро мебинам. Ин чӣ таъбир дошта бошад?
Ҷавоб:
Шаби Қадр, ки бо номи Лайлатулқадр низ маъруф аст, барои мусалмонон шаби вижаест, ки сарнавишти ҷаҳон барои соли оянда ҳал мешавад. Тибқи суннати исломӣ, ин шаб ба 27-умин шаби моҳи Рамазон рост меояд. Ҳар ки дар ин шаб бедор монда, дуо кунад, дуоҳояш мустаҷоб мешаванд.
Тибқи хобномаҳои исломӣ шаби қадрро дар хоб дидан низ мумкин аст. Ибни Сирин, донишманди маъруфи ислом, бар ин назар аст, ки касе шаби Қадрро дар хоб бинад, маънои мустаҷоб шудани дуояш аст. Агар занони бешавҳар шаби қадрро дар хоб бинанд, ба зудӣ издивоҷ мекунанд. Барои занони шавҳардор дар хоб дидани шаби қадр маънои қавӣ шудани робитаи онҳоро дорад.
Агар занони ҳомила шаби Қадрро дар хоб бинанд, таваллуди осону бехатар мебинад. Занони талоқшуда, ки шаби қадрро дар хоб мебинанд, издивоҷи такрории хуб хоҳанд дошт.