arzon replenishment
Латукӯби як зан. Шахсони гумонбар боздошт шуданд
02.05.2025
Oila.tj
195

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он лаҳзаи латукӯби як зан миёни роҳи мошингарди хиёбони Рудакӣ ба назар мерасад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, баъди паҳн гардидани навор кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо вокуниши фаврӣ санҷиши пешакӣ анҷом дода, шахсони гумонбарро муайян ва дастгир намудаанд. Дар рафти санҷиш маълум гардидааст, ки Страшников Игор Андреевич, соли таваллудаш 1996, қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ, шаҳрванд Нурова Майсара, соли таваллудаш 1976-ро мавриди латукӯб қарор додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳар ду нафар, ҳам латукӯбгар ва ҳам ҷабрдида дар ҳолати мастӣ қарор дошта, макони зисти доимӣ надоранд ва ба оворагардию нӯшидани мунтазами машрубот машғуланд.

Нисбати ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД