arzon replenishment
Лаҷоми занҳои авбошсуратро кӣ мекашад?
28.02.2023
ОИЛА
969


Профессори донишгоҳи Сукуба Ито дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душане ғорат шудааст. 100 доллар ва пулҳои сомонии меҳмони хориҷиро бо роҳи фиреб кашида гирифтаанд.

Дар донишоҳи Сакуба даҳҳо нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон тасил мекунанд ва барои онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаасту чунин муносибат ба намояндаи ин донишгоҳ шармандагист. Ғорат шудани профессори ин донишгоҳи маъруф ба обрӯи миллати тоҷик латма мезанад.
Аз ҳама нафратовараш он аст, ки ин корро нисбат ба меҳмони хориҷӣ на мардони ба қавле “бӯрдангал”, ки солҳои пешин аз авбошию беадабиҳояшон дар фурудгоҳҳо шикоятҳо хеле зиёд буданд,балки се зани тоҷик анҷом дода, профессор Иторо ғорат кардаанд.
Ин ҳодисаи нангинро Бомдод аз забони худи профессор Ито чунин нақл кардааст:

“Вақте ки аз гумрук мегузаштам, дар охир се корманд(зан) шиносномаамро аз назар гузаронда, пурсиданд ки чӣ қадар маблағ дорӣ? Ман 1000 доллар бароварда нишон додам. Онҳо маро ба як ҳуҷра дароварданд ва он маблағро аз дастам гирифта, ҳисоб карда, дубора ба дастам доданд. Ман дар пешашон ҳисоб кардам, ки он ҷо 900 доллар монда, 100-ашро гирифтаанд. Ман хоҳиш кардам, ки маблағамро баргардонед. Онҳо ба сари ман дод зада мегуфтанд, ки “мо мусулмон ҳастем ва дуздӣ намекунем”.

Ман ноилоҷ шуда, аз пешашон рафтам ва як нафарашон аз пасам омада гуфт, ки ҳамон пулҳои сомониро, ки дорӣ, ба мо деҳ, пулҳои сомонӣ дар хориҷа истифода бурда намешавад. Омада пулҳои сомониро низ аз дастам гирифт...”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД