Вазорати умури дохилӣ аз содир шудани боз як ҷинояти одамкушӣ хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сар зада, кормандони милитсия ҷасади як мӯйсафеди 72-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд.
Пирамарде, ки ҷасадашро дар ноҳияи Фидравсии пойтахт ёфтанд, дар асл сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, дар куштори ӯ сокини дигари ҳамин минтақа гумонбар дониста мешавад.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ марҳумро бе ягон асос бо мушту лагат зада, аз пой афтонда, ҷайбҳояшро кофтуков намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, пирамарди 72-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”-менависад манбаъ.
Айни замон тафтишот рӯи ҳодисаи мазкур идома дорад.