Arzon march 2024
КУНДОШИ ҶОДУГАР (ҚИСМИ 2)
3006

(Давомаш)

Пас аз сари модар Зумради бемор дар хонаи падараш дигар нағунҷид. Янгааш ки сабаби ҳама бадбахтиҳои Зумрад гашта буд, Зумрадро ҳамроҳи писарчааш аз дар берун кард. Зумради девонаавзоъ ба автобус нишаста, деҳаеро, ки хуни нофаш рехта буд, тарк кард. Дар кӯчаҳои шаҳр бо сад фикру хайёл ҳамон рӯз то фаро расидани шом сарсону саргардон гашт. Хайрият, ки тасодуфан бо як хеши падараш, ки зани бефарзанд ва бисёр дилсӯз буд, рӯ ба рӯ заду кампир ӯро ба ҳавличаи хурдакакаш бурд, то ҷавонзани бемор ба дасти ягон авбош наафтад ё ба ягон балои дигар гирифтор нашавад. Аммаи дар дунё бе нишонаш модарвор нисбаташ ғамхорӣ намуда, ӯро дар ба дари табибони номдор мегардонд. Ниҳоят раҳми худованд омаду ҷавонзани ақлбохта шифо ёфт. 

Макри палонҷ

Баробари ақлаш ба сараш задан ҷигаргӯшаҳояшро ёд карда, ба умед ба хонаи Нуралӣ рафт, то фарзандонашро пас гирад вале дарвозаро ба рӯи Зумрад баста, бачаҳояшро ба модари зор надоданд. Кундошаш кайҳо фарзандони Зумрадро ба номи худаш гузаронда будааст ва дар ҷавоби даъвои модари аслиашон забонхатеро бароварда нишон дод, ки Зумрад замони бемориаш зераш имзо гузошта буд. Забонхат аз он гувоҳӣ медод, ки Зумрад аз баҳри бачаҳояш гузаштааст. Сарсону гирёну ноумед ба хонаи аммааш баргашт Зумради бахтбаргашта.

Ҳамсояҳо, ки аз тақдири талху сангини ҷавонзан бохабар буданд, маслиҳат карда ӯро бо миёнаравӣ ба як коргоҳи хуб ба кор монданд. Зумрад акнун ба ғайр аз худаш ва ҳамон кампирак дигар такягоҳе надошт ва шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат мекард, то илоҷе карда, барои худу писарчааш сарпаноҳе харад. Хайрият, ки он солҳо хонаҳо арзонтар буданд ва Зумрад тавонист як хонаи дуҳуҷрадори хурдакак харад. Ин хонаи майдаяки бечизу чора ба назараш қасри шоҳаншоҳро менамуд. Хурсандияшро ҳадду канор набуд, ки билохира соҳиби сарпаноҳе гашту нафаси осуда кашида метавонад. Умраш ба ҷое расида буд ва умед дошт, ки дар дами пирӣ зиндагии бароҳат насибаш мешавад, аммо…

Умеди модар

Зумрад бо пулҳои бо хуни ҷигар ба даст овардааш писарашро хононда соҳибмаълумот кард. Бахтовар пас аз хатми донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муҳандиси роҳ дар як идораи сохтмони роҳи ҷумҳурӣ ба кор даромад. Зумрад худаш духтаракеро таги чашм карда, писарашро хонадор кард. Бахтовар духтаракро хуш накарда бошад ҳам, «Духтари Қуръонхон аст ва ба қадри одам мерасад» гӯён, Зумрад арӯси писандидаашро бо тӯйи осмонкаф ба хона овард. Ба қаду басти келину писараш нигариста, гул-гул мешукуфт модари ҷафокашида ва дуо мекард, ки борони бахт аз сари ин ду ҷавон биборад.

Силсилаи ҷафокор

Келини Зумрад Силсила аз меҳрубониву эҳтироми зиёди хушдоманаш фахр карда, худро ситораи осмону моҳи беназир мепиндошт ва эркагиҳояш рӯз то рӯз зиёдтар мешуд. Зумрад, ки худаш бахту рӯзӣ надида буд, ҳама нозу бозори Силсилабонуро бардошта, кӯшиш мекард, ки келинаш аз чизе танқисӣ накашад ва бо писараш зиндагии ширин дошта бошад.

«Худам бахт надидам, бигзор писарам бахт бинад» гӯён, барои хушбахтии келину писараш шабу рӯз заҳмат мекашид, саҳар ба кор мерафту шомгоҳ хаставу лакот ба хона бармегашт. Як даҳон хӯроки тайёр кардаи келинашро, ки Силсилабону бо қошу қавоқи овезон кашида ба пешаш мегузошт, хӯрда сад бор шукри Худо мекард, ки дар дами пирӣ танҳо нест. Солҳо бо ғур-ғури келини эркаи Қуръонхон сипарӣ шуданд. Зумрад соҳиби ду набера шуд. Бибии меҳрубон духтару писарчаи Силсиларо чун гавҳараки чашм азиз медошт. Бо сабаби буҳрони иқтисодӣ Бахтовар маоши дуруст намегирифтагӣ шуд ва кампул шудани шавҳараш тез-тез боиси ҷанҷолу хархашаи келини эрка мешуд.

Фоҷиа

Беҳуда пиронсолон «ҷанги зану шӯ касофатӣ меорад» намегуфтанд. Рӯзе Силсила барои ду пула гап доду фиғон карда бачаҳояшро гирифта ба хонаи падару модараш қаҳр карда рафт. Келини беандеша ҳатто ба рӯйи хушдоманаш, ки аз пасаш то истгоҳ давида «Силсила, аз аспи ҷаҳл фаро» мегуфт, нимнигоҳе ҳам накард. Сабаби ҷанҷол боз пул буд ва Зумрад писарашро сарзаниш кард, ки дар сурати як нафар сахт оташин шудан дигарӣ сабру таҳаммулро пеша мекунад, Силсила, ки қаҳр кард, бояд вай хомӯшӣ ихтиёр менамуд. Бахтовар, ки табъаш хираву хеле асабӣ менамуд, «нозу итоби келинат ба ҷонам зад, оча» гӯён, дарро шараққосзанон пӯшида рафт. Ҷавон бо асаби вайрон сари чамбараки мошинаш нишаста ба роҳ баромад. Аз кӯчаи калону серодам гузашта ба кор равон буд, ки ногоҳ балои якбора аз осмон фаромадагӣ барин мошини боркаше дар рӯ ба рӯяш пайдо шуд. Ба садамаи автомобилӣ дучор шуданашро худаш ҳам нафаҳмида монд. Дари «жигули»-и Бахтоварро бо азобе шикаста ронандаи беҳушу бе ёдро дарҳол ба беморхона бурданд. Вақте ки Бахтовар ба худ омад, тамоми аъзои баданаш докапеч буд. Дасту пойҳояш шикаста буданд ва маҷоли гапзанӣ надошт. Чашмонашро базӯр кушоду дар болои сараш модарашро дид, ки оби чашмонашро поккунон Худоро шукр мегуфт. Бахтовар чанд моҳ дар беморхона хобида чор ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Зумрад ба ҳаминаш ҳам шукр мекард, ки писараш зинда монд. Зумрад тани танҳо болои сари писараш нишаста, Бахтовари беморашро нигоҳубин мекард. Дар муддати ду моҳ Силсила ягон маротиба барои дидани шавҳараш ба беморхона наомад, ҳарчанд хабари ба садама дучор шудани Бахтоварро ҳамон рӯзи фоҷиа шунида буд.

Нағмаҳои келини «худотарс»

Бахтовар баробари ба худ омадан фарзандонашро суроғ кард, вале Силсила бачаҳояшро ба аёдати падарашон намеовард. Бо илтиҷоҳои пай дар пайи хушдоман се моҳ пас келини эрка кӯдакашро гирифта омад, вале бегонаҳо барин рафтор мекард. Дар чеҳраи Силсила на осоре аз меҳри ҳамсарӣ буду на нишоне аз раҳму шафқат. Дилаш ақаллан ба хушдомани пиру меҳрубонаш, ки дар ғами писар қоматаш хам зада буд, насухт. Бахшишпурсӣ он тараф истад, аҳволпурсӣ ҳам накард. Аз ин рафтори келин нисбати ӯву писараш дили Зумрад ба замин зад.

Ба ҷои омада шавҳарашро нигоҳубин кардан, Силсила бешармона изҳор дошт, ки танҳо бо як шарт ба хона меояд, хушдоманаш аз хона равад ё барои ӯву фарзандонаш хонаи ҷудогона гирифта диҳанд. Акнун Зумради дар чорсуи зиндагӣ ҳайрону зор монда намедонад, ки дар ин синну сол ба куҷо раваду чӣ кор кунад.

 АНҶОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД