arzon replenishment
Кумитаи ҳифзи муҳити зист соҳиби 9 мошини нави замонавӣ гашт
392


Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вазъияти тантанавӣ ба намояндагони чандин мақомотҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари тобеи кумита калиди мошинҳои нави замонавиро тақдим намуд.

Ба иттилоъи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ин сохтор дар маҷмӯъ 9 мошини нави замонавӣ ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим карда шудааст.

Раиси кумита зимни тақдими калиди мошин ба кормандонаш таъкид намуд, ки бар ивази чунин ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд бо ҷидду ҷаҳди бештар фаъолияти хешро барои беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ равона созанд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити кор ва зисту зиндагии кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ беҳтар мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 28- декабри соли 2023 дар қатори дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳамчунин масъалаи ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Дар ин хусус «Ховар» дар такя ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД