arzon replenishment
Кумитаи ҳифзи муҳити зист: 5145 нафар ҷаримабандӣ шуданд
275

Дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 6111 ҳолати муомилот бо партовҳо ва канданиҳои фоиданоки маъмули умум қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, аз шумораи умумии ҷаримаҳо 42 фоизро ҷарима аз партов ташкил мекунад, ки хеле фоизи баланд аст.

Раҳмонзода Лоиқ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора дар нишасти хабарии ин ниҳод қайд намуд.

Вобаста ба ин мавзуъ қайд гардид, ки дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 1806 нуқтаи партов мавҷуд аст. Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои партовпартоӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 5145 нафар ҷаримабандӣ карда шудаанд.

- Барои ҷойи партовгоҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳуҷҷатгузориҳо шуда истодааст ва қитъаи замин ҷудо карда мешавад,- зикр гардид дар нишасти хабарӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД