Formula novemver 2024
Кумитаи андоз хабари андози нав барои телефонҳои мобилиро рад кард
568


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари ҷорӣ шудани андози нав барои телефонҳои мобилиро рад кард.

Тавре ки аз Кумитаи мазкур ба “Оила” хабар доданд, рӯзҳои охир аз ҷониби шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гардида истодааст, ки гӯё барои телефонҳои мобилӣ андози нав ҷорӣ шудааст. Ҳамзамон, бо ҳамин мазмун ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон муроҷиатҳои зиёди хаттиву телефонӣ ворид шуда истодааст.

“Вобаста ба ин, Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад, ки дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №208 “Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” минбаъд ҳангоми воридот ба қаламрави ҷумҳурӣ ҳамаи телефони мобилӣ, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳои сайёр, ки дорои симкорт мебошанд, бояд ба махзани миллии рамзи IMEI ворид карда шаванд.
Ҳангоми барои истифодаи шахсӣ ворид намудани телефони мобилӣ, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳои сайёр, ки дорои симкорт мебошанд, бояд дар гузаргоҳҳои гумрукӣ эъломияи гумрукии Шакли Т-6-ро пур намоянд. Чунин дастгоҳҳо ба таври ройгон ба махзани миллии рамзи IMEI дохил карда мешаванд. Дар сурати риоя нагардидан ва ё пур накардани эъломияи гумрукии Шакли Т-6 уҳдадории пардохти гумрукӣ ба миён меояд”.

Ба таъкиди Кумитаи андоз, СМС-паёмҳое, ки имрӯзҳо ба телефони мобилии шаҳрвандон ворид шуда истодаанд, андози нав набуда, он ҳамчун пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти молҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ воридшаванда, тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД