Arzon march 2024
Кулчақанди лазиз бо олу
714

Маҳсулоти лозима:

Тухм - 3 дона

Равғани маска - 100 грамм

Шакар - 150 грамм

Кефир - 250 мл

Орд - 250 мл

Маводи ковоккунанда - 10 грамм

Олу - 500 грамм

Шоколад - 100 грамм

Тарзи таҳия:

Дар зарф тухм ва шакарро бо миксер лат мезанем, сипас, кефир ва равғани маскаро об карда, ҳамроҳ мекунем ва лат заданро идома медиҳем. Пасон, орд ва маводи ковокунанда андохта, хуб омехта мекунем.

Бо қолаб равған молида, коғази пергамент тунук мекунем ва каме шакар пошида, олуҳоро реза мекунему дар қолаб мечинем. Маҳлули омодакардаро аз болояш мерезем ва шоколадро реза карда ба он ҳамроҳ мекунем.

Кулчақанд дар тафдон муддати 35-40 дақиқа дар ҳарорати 180 дараҷа то пӯхтанаш меистад.

Кулчақанд, ки омода шуд, мувофиқи табъи худ метавонед ба болояш хокаи шакар пошед.

Ин кулчақанд лаззати олӣ дорад, метавонед барои оилаатон дар субҳона омода кунед. Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД