Formula novemver 2024
Критика Камра чаро бо Арҷун душман шуд?
2570

 

Даричаи ошноӣ
Критика Kaмра 25 октябри 1988 ба дунё омадааст.
Мучалаш: ақраб
Ҷои истиқомат: Мадҳа-Прадеши Ҳиндустон
Дарозии қад: 165
Вазн: 55 кг
Ранги мӯй: сиёҳ
Ранги чашм: малларанг
Миллат: ҳинду
Касб: актрисса

Бахт, агар бихандад...

Мурғи шуҳрат ба сари китфи ин зебосанам бо амри тасодуф нишаст. Рӯзе ҳангоми аз имтиҳон баргаштан баногоҳ чашмаш ба эълони кастинги навбатӣ барои ҷалби ҷавонони болаёқат ба филми нав афтид ва қатори садҳо духтарон Критика худро ба ин озмун номнавис кард. Ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки аз байни ҳазорон-ҳазор паричеҳра маҳз ӯро интихоб менамоянд, вале бахташ хандиду ҳакамон чеҳраи ӯро писандиданд. Ролики кӯтоҳмуддате, ки Критика дар он як лаҳзаи филмро бозӣ мекард, ҳаводорони зиёд пайдо кард ва ҳамин тавр нақши Ароҳӣ дар серриали “Муҳаббат” насиби Критика Камра гашт.

Оташи ишқ

Омодагӣ ба сабти филм сар шуд. Критика бесаброна омадани партнёр-ҳамбозиашро интизор буд, зеро метарсид, ки ягон ҷавони безебро интихоб кардаанду бозидани нақши духтари ошиқ барояш душвор мегардад, вале...

Ниҳоят он рӯзи саид низ фаро расид ва Критикаро бо офарандаи нақши Арҷун-Каран Кундра шинос намуданд. Баробари дидани партнёраш дар дили духтар оташаке аланга зад ва ҳис кард, ки дилаш меларзаду мадораш хушк мешавад. Ин оташи ишқ буд. Ишқе, ки бори аввал ба дарвозаи дили Критика ангушт зад, балки онро бидуни иҷозат барои ин ҷавони зебо кушод. Критикаи нозанин аз нигоҳи аввал волаю шайдои ҳамбозиаш гашта бошад ҳам, сир бой надода аз пайи тайёрӣ ба наворгирии филм шуд. Вай тамоми донишу малакаю маҳораташро ба кор мебурд, то дар заковат аз Арҷун кам нанамояд. Ҷавонон бо як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳмиданд ва ин ҳамдигарфаҳмӣ кори коргардону садобардору наворбардоронро осон мекард. Сабти филм чунон босуръат пеш мерафт, ки ҳатто актёрҳои таҷрибадор ангушти ҳайрат мегазиданд.

Малика ва шоҳзодаи орзуҳо

Баҳогузориро ба халқ вогузор намуда, офарандагони филм дарҳол баъди танзим дискҳои сериали “Муҳаббат”-ро ба фурӯш бароварданд. Баробари пешкаши тамошобинон гаштани силсилафилм мурғи шуҳрат ба сари кифи Критикаю Каран нишаста, онҳоро машҳур кард. Силсилафилми “Муҳаббат” дар муддати кӯтоҳ чунон машҳур гашт, ки дар бозорҳои Ҳиндустон дарёфт кардани фиттаи ин филм кори дандоншикан буд. Аз сидқи дил нақш бозидани ду ғунчаи навшукуфтаи боғи ҳунар ҳазорон-ҳазор ошиқони киноро ба ваҷд меовард ва ошиқи ин ду ҳунарманд мегардонд. Ароҳӣ ва Арҷун ба малика ва шоҳзодаи орзуҳои миллионҳо тамошобинон табдил ёфта буданд. Акнун бонувон дар ишқи Арҷун месӯхтанду ҷавонмардон дар саросари Ҳиндустон барои Ароҳии нозанин обу адо мегаштанд.

Рози ниҳон

Харидорони зиёд пайдо кардани сериали “Муҳаббат”-ро дида, кинорежиссёрон Критика ва Каранро барои нақшҳои асосиро офаридан ба филмҳои нав ба нав даъват менамуданд, Карани бо ҷону дил ба Критика дилбаста намехост муҳаббати покашонро ба василаи кино ба маърази тамошои мардум гузорад. Ҳунармандон забон як карда, тамоми пешниҳодҳои кинорежиссёронро рад менамуданд. Акнун Критика ва Каран гӯшаҳои хилват кофта, пинҳон аз чашми мухлисони бешуморашон вохӯриҳои ошиқона мегузарониданд ва аз бӯсаҳои ширину дидори гарми ҳамдигар лаззат мебардоштанд. Дилашон, вуҷудашон моломоли ишқ буд ва хаёлан қасри бахт сохта, нақшаи тӯйи арӯсиашонро мекашиданд ин ду ҷавони ҳунарманд, вале душманонашон аз нияти Каран ва Критика огоҳӣ ёфта, дарҳол бо макру ҳила дар сари роҳашон чоҳ канданду байнашон абадан симхори ҷудоиро кашиданд.

Хиёнат ва ҷудоӣ

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Каран воқеан Критикаро дӯст медошт ва мехост бо ин зебосанам издивоҷ намояд, вале ҳаваси лаҳзаина тӯфони азимеро ба вуҷуд овард, ки ин ду дилдодаро ба ҳамдигар бегона кард. Каран ҳангоми мастӣ бо модели машҳур Свата Ватса ишқварзӣ намуд ва рӯзи дигар журналистони зирак аксҳои урёни онҳоро дар тамоми сайту рӯзномаҳои кишвар чоп карда, ҳангомаи ҳақиқӣ бардоштанд. Критика хиёнати дӯстдоштаашро аз рӯзномаҳо фаҳмида аз рашк девона шуд ва бо Каран чунон ҷанҷоли сахте бардошт, ки ногуфтанӣ. Каран бисёр кӯшиш намуд, ки ҳолаташро ба Критика фаҳмонад ва дили духтари дӯстдоштаашро дубора ба даст биёрад, аммо далелҳои ба чашм аён имкон надоданд, ки Карани хиёнаткор худро сафед кунад. Ҳамин тавр ҳаваси лаҳзаина ба сари ишқу орзуҳои Критика ва Каран об рехт ва ин ду ҷавони шуҳратманду ошиқ, ки бо тамоми ҳастиашон, аз сидқи дил ҳамдигарро дӯст медоштанд, ҷудо шуданд.

Фариштаи заминӣ

   Критика барои хиёнати ошиқашро фаромӯш намудан худро батамом ба кор ва омӯхтани илму ҳунар бахшида ба шуъбаи актёрии Донишгоҳи санъати Мумбай дохил шуд. Вақти ба дарс рафтан ин зебосанами машҳур наметавонад дар кӯчаҳои Мумбай осуда қадам занад, зеро мухлисони бешумор мисли соя аз пасаш мегарданду дар ҳар хамгашту пасткӯча пеши роҳашро гирифта, соядаст мепурсанд. Критика бо ҳамаи мухлисонаш муносибати гарм дорад ва метавонад соатҳо бо як кӯдаки хурдсол ё кампири фартут суҳбат карда шинад. Барои ҳамин хислаташ баъзе ҳунармандони нотавонбин дар ғайбаш ин паричеҳраро бадгӯӣ намуда “содафеъл” ва “даҳонканда”меноманд. Албатта ин суханони нешдор ба гӯши Критика мерасанд, вале вай парвои гапу калочаи душманон надорад, зеро муътақид аст, ки ҳарчи дар зиндагӣ ёфтааст, ба шарофати хоксорӣ ва дуои неки камбағалон насибаш гаштааст.  

Шуғли писандида

Критика рақсиданро дӯст медорад ва бо ҷамъ кардани албомҳои мусиқӣ машғул аст. Критика Камра унвони “Беҳтарин раққосаи сол”-ро дар «Jhalak Dikhhl» дар реалити-шоуи телевизионӣ соҳиб шудааст. Критика вегетарианка аст. Рангҳои сурх, сиёҳ ва сафедро дӯст медорад. Ин зебосанами ҳунарманд мухлиси ашаддии ситораи № 1-и кинои Ҳиндустон Шоҳрух-Хон мебошад.

Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс...

Ба Критика Kaмра муяссар гаштааст, ки бо ситораи дигари синамои Ҳинд-Салмон Хон якҷоя нақш офарад. Одатан бонуҳои ҳамбозиаш дарҳол ба Салмон ошиқ мешаванд, вале хиёнати Каран Критикаро бисёр эҳтиёткор намудаасту намехоҳад дубора ба марди булҳавасе дар симои Салмон-Хони дар духтарбозӣ машҳур дил баста, захми дилашро барои як “бабник”тоза созад. Суҳбати собиқ дӯстдоштааш Каран, ки дар журнали машҳури «Чеҳраҳои Болливуд» нашр гашта буд, Критикаро ба риққат оварда бошад ҳам, зебосанам натавонист алами аз хиёнати ин ҷавони ошиқ кашидаашро фаромӯш карда, дубора бо Каран Кундра оштӣ кунад. Каран дар он суҳбат гуфта буд: “Зиндагии пасипардагии ман ба ҳаёти Салмон-Хон монанд аст, зеро чуноне, ки Салмон Айшварияро дӯст медошт ман ҳам Критикаро аз сидқи дил дӯст медоштам ва то ҳол дӯст медорам, вале маҳбубаи сангдилам барои як акси беҷон ва як хатое, ки дар ҳолати мастию аз худбехабарӣ содир намудаам, ҷанҷол бардошту ба рӯйи тамоми орзуву ҳавасҳоям хати батлон кашида, маро тарк карда рафт!”

Тулӯи нави офтоби муҳаббат

Аз афташ гузашти вақт ба захмҳои хуншори дили зебосанам оҳиста-оҳиста даво бахшида истодааст, зеро имрӯзҳо Критикаро тез-тез бо ҷавони зебое мебинанд. Аксҳои зебои онҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро зеб дода, Каранро бештар девона месозанд. Ҷавон Сидхарта ном дорад ва гумон меравад, ки ба волидони духтар писанд омадааст. Шоҳидон чандин маротиба дар ҷойҳои гуногун бо хушдори духтараш гарм суҳбат кардани модари Критикаро дида, ба хулосае омадаанд, ки тӯйи зебосанам наздик аст.

Зебосанаме, ки бачаҳоро мезад

Дар яке аз мусоҳибаҳояш Критика дар бораи худаш чунин гуфтааст: “Одатан дар бораи ман дар матбуот ва телевизион ҳар хел гапҳои беҳуда мегӯянд, лекин аҳамият намедиҳам. Бепарвогиам маънои онро надорад, ки аз касе метарсам ё ҳарос дорам. Ман табиатан бисёр духтари ҷасур ҳастам, замони кӯдакӣ дар мактабамон аз писарҳо зӯртар будам, онҳо аз ман метарсиданд. Солҳо гузаштанд ва ман фаҳмидам ки духтар набояд ин хел рафтор кунад. Акнун одами бепарво ва хушҳолам, маро хандондан осон аст, гирёндан ҳам мушкилӣ надорад!”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД