arzon replenishment
Котлет аз кадуча ва картошка
24.11.2024
ОИЛА.ТҶ
714

Маҳсулоти лозима:

0,5 кг кадуча (кабачки), 4 картошка, 3 тухм, 3-4 қошуқ орд, 1 бандча кашниз, 1 истакон қаймоқ (сметана), 1 бандча барги салат, 1 қошуқча намак.

Тарзи таҳия:

Картошкаи дар об пухташударо пӯст карда, аз гӯштқиммакунак гузаронида, кадучаҳоро аз турбтарош гузаронеду баъд аз 10 дақиқа бо даст обашро ҷабед. Сабзавоти номбаршударо дар зарфе гирифта, бо кашниз, тухм, як қошуқ орд ва моддаҳои хушбӯйкунанда омезиш дода, аз он котлет созед. Котлетаҳоро аввал дар тухми латзада ҷӯлонида, баъдан дар орд омезиш диҳеду дар равғани тасфон сурх кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД