ИДОМААШ...
-Очаҷон, бирав ба он келини девонаат бигӯ, то кӯдаконро ба ҳолашон гузорад, ки дигар тоқатам намондааст, рафта, худашро ба монанди кӯдакон мегирёнам!
Модари Аҳмад назди Насиба омаду гуфт:
-Духтарҷон, хоҳиш мекунам, набераҳоямро назан! Охир онҳо ҳоло кӯдаканд! Ҷисми хурдакаки онҳо дигар тавони бардошти зарбаи дасти туро надорад!
Насиба аз шунидани ин ҳарфҳо гӯё илҳом гирифта бошад, фарзандонашро бераҳмтар мезаду ҷониби хушдоманаш фарёд мезад:
-Кӯдаки худам, мехоҳам мезанам, мехоҳам мекушам! Кори шумо набошад!
Хушдоман ҳам дигар чизе нагуфта, ба хонаи хоби худаш, ки ҷудо аз хонаи келинҳо буд, раҳсипор гашт. Худи ҳамон бегоҳ Насиба дар як чойникчаи хурде ба хушдоманаш чой оварда, дид, ки кампир намози шом хонда истодааст, чойникро дар назди ҷойнамоз гузошту худаш аз дар баромад. Чанд дақиқа аз байн гузашт, ки модари Насиба аз дар даромада, дид, ки дугонааш намоз хонда истода аст. Рӯи кӯрпача нишаста, ба хушдомани духтараш гуфт:
-Ман намозамро хонда, ба назди ту омадам! Лекин хело ташна модаам, аз чоят менӯшам, дугонаҷон, майлаш?
Хушдомани Насиба сарашро ҷунбонда, розигӣ дод.
Модари Насиба дасташро ба чойник расонида “ой, боз хунук будааст” гуфта, лабашро ба нӯли чойник гузошта, то ташнагияш шикастан чойро нӯшид. Ин замон дугонааш низ намозро ба охир расонида, гуфт:
-Барои ман ҳам мон!
Модари Насиба хандида, чойникро ба дугонааш дароз кард ва гуфт:
-Сарам чарх зада истодааст, дилам беҳузур шуд.
Кӯшиши аз ҷояш хестанро кард, вале якбора ба замин афтода, ба дасту пой задан даромад. Дугонааш бошад, чойникро партофта, ҷонҳавл фарёд мезад, ки “Насиба, биё, модаратро дилаш зафъ кард, ман ором карда наметавонам”. Лекин Насиба замоне аз дар даромад, ки ҷисми беҷони модар рӯи дастони дугонааш мехобиду хушдоманаш ӯро сахт дар оғӯш гирифта, бо садои гирифта мегуфт:
-Хоҳари хубам, ҳамсояи беҳтаринам, модари фарзандҳоям, дӯсти рӯзҳои сахтам, охир ин номумкин аст, ки ту дар оғӯши ман мурда бошӣ!- ва бо алам мегирист.
Баъд аз марги модар Насиба ҳеҷ худро бахшида наметавонист, ӯ дигар гунаҳкорро намеҷуст. Ба гуфтаи худаш дар марги модар танҳо ҳамон чойник гунаҳкор буд. Пас аз гиряи дуру дароз давида ба ошхона даромаду чойникро гирифта, ба замин партофта, бо пойҳояш мезаду мегуфт:
-Ту боис шудӣ, ки модари ман бимирад, ту, ту...- ва пораҳои чойникро дашномҳои дуру дароз медод ва як лаҳза ба атрофаш нигарист, ки ҳама аъзои хонавода дар гирдаш ҷам шуда, ҳайрон-ҳайрон ҷониби ӯ менигаранд. Насиба бошад, бо асабоният ба назди хушдоманаш омаду гуфт:
-Чаро ту ба ҷои модарам намурдӣ?! Охир, мақсади ман нобуд кардани ту буд, на модарам! Лекин ин чойник ҳам ба ман хиёнат кард. Бояд чойи бо доруи марги мушро ту менӯшидӣ, на модари ман,- гуфта фарёд мезад.
Хатича-холаро пойҳояш беҳаракат шуда, ба замин нишасту бо чашмони пур аз ашк зери лаб гуфт:
-Кош, ба ҷои модарат ту мемурдӣ, кош, кош....
АНҶОМ!