Шабнами Сурайё, овозхони машҳури тоҷик бо нашри як матлаб дар саҳифаи Инстаграми худ аз ба таъхир афтодани консерташ дар Ню-Йорки Амрико хабар додааст. Овозхон ният дошт, ки иди Наврӯзро бо тоҷикони Амрико ҷашн бигирад, вале бинобар хуруҷи «коронавирус» баргузории чорабинӣ ба таъхир гузошта шуд.
«Мухлисони азиз, зиёд мехостам Наврӯзро ҳамроҳ ҷашн бигирем ва шуморо интизор низ будам. Мутаассифона, ташкилкунандагони консерт маҷбур шуданд, ки бинобар вазъи кунунии Амрикою ҷаҳон санаи баргузории консертро тағйир бидиҳанд. Умедворам, ҳамааш ба хубӣ паси сар мешавад ва мо санаи навро ба зудӣ эълон хоҳем кард»,-омадааст, дар муроҷиатномаи Шабнами Сурайё.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷики муқими Канада низ дар саҳифаи Инстаграми худ аз лағви консерти идонааш хабар додааст. Консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин бо овозхони афғон Ҳабиб Қодирӣ бояд дар шаҳри Торонтои Канада санаи 20-уми марти имсол барпо мешуд, лекин бинобар хуруҷи вируси COVID-19 ба таъхир гузошта шудааст. Овозхон бо нашри як муроҷиатнома мухлисонашро бо ин вазъият ошно кардааст. Гуфта мешавад, ки пули чиптаҳо ба соҳибонашон баргардонида мешаванд.
Фирӯза Ҳафизова, овозхони баҳсбарангези тоҷик ҳам давоми се рӯз дар се шаҳри Олмон баргузории консерташро ба нақша гирифта буд, лекин бинобар паҳн шудани вируси нав аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кардааст.
Моҷарои консерти Нигина дар Исроил
«Барои ин барномаи ҳунарӣ, ки ба 20, 21 ва 22-юми март пешбинӣ шуда буд, аз моҳи феврал омодагӣ медидам ва чиптаҳо ҳам фурӯхта шуда буданд. Аммо маҷбур шудам, ки шартномаро бо ташкилкунандаҳои консерт дар Олмон муваққатан бекор кунам ва сафари худро ҳам ба таъхир гузорам»,-гуфтааст, Фирӯза Ҳафизова дар муроҷиатномаи худ. Овозхон аз вазъияти пешомада нороҳат аст, вале умед дорад, ки мухлисон ӯро дар мекунанду ноумед намешаванд.
«Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» («Tajikistan Fashion Week»), ягона чорабинии сатҳи ҷаҳонии мӯд дар Тоҷикистон мебошад, ки бо сабаби паҳн шудани «коронавирус» дар бештари кишварҳои ҷаҳон ва ширкат варзида натавонистани бархе аз тарроҳони хориҷӣ, аз баҳор ба тобистон ба таъхир гузошта шуд. Тоҳир Иброҳимов, директори генералии «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» аз алоқамандони риштаи мӯд хоҳиш кардааст, ки ба овозаҳо дода нашаванд. Мавсими 5-уми «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» аз санаҳои 6-7 ва 8-уми апрел ба санаҳои 7-8 ва 9-уми июни имсол ба таъхир афтодааст. «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» муаррифгари кори тарроҳони дохилу хориҷ ва ягона чорабинии бонуфӯзи риштаи мӯд дар Тоҷикистон мебошад.