Sebiston new 2024 october
Кормандони пулис ва Росгвардия дар вилояти Маскав амалиёт гузарониданд
661

Дар вилояти Маскав кормандони пулис боз 42 нафар муҳоҷирони меҳнатиро боздошт намуданд. Аксари боздоштшудагон дар анборҳои меваю сабзавот кор мекардаанд...

Кормандони пулис дар вилояти Маскав дар ҷараёни амалиёти навбатии худ 42 нафар муҳоҷирони меҳнатиро боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия бидуни иҷозатнома ва патент кор карда, қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россияро дағалона вайрон кардаанд. Дар ин бора msk.kp.ru хабар додааст.

“Аз шумораи умумии боздоштшудагон 26 нафар аз қаламрави Россия ихроҷ шуда буданд ва мебоист кишварро тарк менамуданд, вале онҳо будубоши ғайриқонунии худро дар Федератсияи Россия идома дода, ба таври пинҳонӣ дар амборҳои меваю сабзавот кор мекардаанд”,-гуфтаанд кормандони Раёсати корҳои дохилии Россия дар вилояти Маскав ба журналистон.

Амалиёти мазкурро кормандони Вазорати умури дохилии Россия дар ҳамкорӣ бо Росгвардия дар анборҳои меваю сабзавот, ки дар деҳаи Горшковои округи шаҳрии Дмитровский ҷойгир шудаанд, гузаронида, дар рафти он ҳуҷҷат надоштани 42 муҳоҷири меҳнатиро ошкор намудаанд.

Гуфта мешавад, ки муҳлати будубоши 36 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия ба итмом расида бошад ҳам, онҳо на тарки кишвар намудаанд ва на муҳлати будубоши худро тамдид кардаанд. Тамоми муҳоҷирони боздоштшуда ҷаримабандӣ карда шудаанд. Эҳтимоли рӯзҳои наздик аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ шудани онҳо вуҷуд дорад. Айни замон пулис корфармоёнеро ҷустуҷӯ карда истодааст, ки шаҳрвандони хориҷиро будуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба кор гирифтаанд.

Қонунҳои муҳоҷиратии Россия торафт пурзӯртар мешаванд. Аз ҳамин хотир аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш мекунем, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, ба таври қонунӣ дар кишвари рус кору фаъолият намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД