Дар Санкт-Петербург даври ниҳоии озмуни байналмилалии маҳорати касбии “Беҳтаринҳо дар касб 2025” миёни кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, анборҳои нафтӣ, озмоишгоҳҳои сӯзишворӣ ва ронандагони мошинҳои сӯзишвории “Газпром нефт” баргузор шуд. Зиёда аз 170 нафар ғолибони марҳилаҳои интихобӣ аз Русия ва ИДМ ба финали мусобиқаи касбӣ баромаданд. Аз ҷумла, як гурӯҳи мутахассисони касбӣ аз Тоҷикистон.
Ҳар як мутахассис тавонист қувва ва маҳорати касбии худро санҷида, бо ҳамкасбон аз минтақаҳо ва кишварҳои гуногун табодули таҷриба намояд.
Кишвари моро дар ин озмун панҷ нафар кормандони нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, ронандаи мошини сӯзишворӣ ва мутахассиси идораи метрологияи «Газпром нефт - Тоҷикистон» намояндагӣ карданд.
Миёни онҳо Илҳом Мирзоев, мудири нуқтаи фурӯши сӯзишвории рақами 8-и шаҳри Ваҳдат низ буд.
- Дар майдонҳои озмун муҳити дӯстона ҳукмфармо буд. Мо худро як оилаи бузурги муттаҳид ҳис мекардем. Бо вуҷуди он ки ин озмун аст, мо кӯшиш кардем ҳамдигарро дастгирӣ намоем ва ҳатто дар ҷое ба ҳамдигар кумак расонем,- гуфт иштирокдори даври ниҳоии озмун Илҳом Мирзоев.
Илҳом аз соли 2011 инҷониб дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор мекунад. Вай фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси оператори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карда, ба гуфтаи худаш, тасодуфан ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ роҳ ёфтааст. Ӯ ба кассаи фурӯши билети ҳавопаймо меравад, то чипта харидаву барои кор ба Федератсияи Русия парвоз кунад. Аммо роҳ ба самти кассаи ҳавопаймо баста будаасту маҷбур мешавад пиёда равад. Дар роҳ бо як дӯсташ вомехӯрад ва ӯ пешниҳод мекунад, ки дар ватан бимонаду дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки ҳамон вақт ҷои холии корӣ доштааст, муваққатан кор кунад. Ҳамин тавр, кори муваққатӣ кори дӯстдоштаи ӯ гардид ва барояш роҳи дигар – роҳ ба озмуни беҳтарин мутахассисонро боз намуд.
Ҳамаи иштирокдорони озмун эътирофи касбият, таҷрибаи нав ва мукофотҳои пулӣ ба даст оварданд. Охир, онҳое, ки ба даври ниҳоӣ баромаданд, аллакай беҳтаринанд! Ғайр аз ин, онҳо метавонанд мураббии кормандони ҷавон шуда, ба захираҳои кадрии корхона дохил шаванд.