Саноати кишвар дар 5 моҳ 9% рушд кардааст
Корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ дар Тоҷикистон дарпанҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 16 миллиарду 656,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9,0% таъмин гардидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Агентии омори ҷумҳурӣ хабар дод.
Манбаъ менависад, ки саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43,0 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид.
Тавре сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзод иттилоъ додааст, дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8 фоиз, саноати коркард – 12,8 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1 фоиз ба амал омадааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,8 фоиз, вилояти Хатлон 112,4 фоиз ва шаҳри Душанбе 121,6 фоиз баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 92,6 фоиз ва ВМКБ ба 89,6 фоиз баробар гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 301 адад, коркард — 2706 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд.