Formula novemver 2024
Корфармо Акбарро барои намозхонӣ латукӯб кард ва баъдан аз тереза берун партофт
02.04.2020
Р. Азимӣ
3972

 Иззат Амон, ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки як рӯз қабл муовини раҳбари корхонаи ГБУ “Жилищник”-и ноҳияи Коптево Андрей Третяков, дар шаҳри Маскав як муҳоҷири тоҷик, ки Холиқов Акбарҷон Аминҷонович ном дорад, аз баландии 15 метр яъне, қабати дуюми бино ба замин партофтааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, Третяков аз инки се коргари роҳрӯб дар хобгоҳ намози пешин мехонданд, ба ҷаҳл омада, онҳоро латтукӯб кардааст. Акбарҷон, ки ҳамагӣ 22 сол дошт ба суханҳои пасту баланди корфармо тоқат накарда эътироз кардааст, ки онҳо аз соати 12 то 2 истироҳати нисфирӯзӣ доранд, вале Третяков боз ҳам бештар ба ҷаҳл омада, сари Акбарҷонро аввал ба девор зада, сипас ӯро аз қабати ошёнаи дуюм ба замин ҳаво додааст.
Аминҷон ҳоло дар шуъбаи реаниматсияи бемористони Боткини шаҳри Маскав қарор дорад. Ӯ соли 1998 дар деҳаи Зарнисори ноҳияи А.Ҷомӣ ба дунё омадааст.


ДАРО, КИ ОБЛАВА НАБИНАД!


Сомонаи "Ахбор" дар пайи ин хабар гуфтааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони Иззат Амон ва Бахт Овар, ки аз ҷои ҳодиса боздид ва бо муҳоҷирони тоҷик ва кормандони пулис мулоқот кардаанд, мегӯянд, дар ин қазия аз тарсуии муҳоҷирони тоҷик сахт қаҳрашон кардааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамон хобгоҳ ҳудуди 40 коргари роҳрӯб аз Тоҷикистон зиндагӣ ва дар ГБУ “Жилищник”-и ноҳияи Коптево кор мекунанд, вале вақте Третяков Акбарҷонро латтукӯб карду аз қабати дуюми бино партофт, касе ба ҳимоят аз вай барнахестааст. Бар илова, ба гуфтаи ин ҳомиёни ҳуқуқ, бригадирҳои роҳрӯбони тоҷик Третяковро ҳимоят карданӣ шудаанд. Ба роҳрӯбони тоҷик “фаҳмондаанд”, то ба пулис бигӯянд, ки Аминҷон худаш афтидааст, Андрей Владимирович инҷо айбе надорад.

https://www.facebook.com/100001691666072/videos/2879600148773012/?id=1170098915

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД