Марде аз авбошии як ҳамҷинси худ дар дохили автомошина ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ шикоят кардааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур буда, марди 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки 1-уми январи соли 2023, тахминан соати 15:10-дақиқа, дар дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо ӯ муноқиша карда, бо корд як маротиба ба пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.