Конор Макгрегор, варзишгари машҳури ММА аз ҷониби суд дар таҷовуз ба номуси як зан гунаҳкор карда шудааст. Худи варзишгар иттиҳомро рад намуда, гуфтааст, ки зан бо майлу иродаи худаш бо вай муносибатҳои ошиқона дошт, аммо додгоҳи ҳакамон ба осонӣ Макгрегорро раҳо карданӣ нест.
Бино ба иттилои Associated Press, додгоҳи ҳакамон Конор Макгрегорро муваззаф гардонидааст, ки ба зани ҷабрдида 250 ҳазор евро товон супорад.
Бо сабаби нокифоя будани далелҳо натавонистанд нисбати ин варзишгари машҳур парвандаи ҷиноятӣ кушоянд, вале додгоҳи гражданӣ ба хулосае омадааст, ки Макгрегор бояд товон супорад.
Ҳодиса моҳи декабри соли 2018 сар зада, тибқи хулосаи додгоҳ Конор Макгрегор дар як утоқи пентхауси меҳмонхонаи Beacon дар шаҳри Дублин ба номуси зане таҷовуз намуда, бар замми ин, ӯро латукӯб ҳам кардааст.
Ин амали варзишгарро санҷиши тиббӣ исбот кардааст, аммо худи Макгрегор иттиҳомотро рад намуда, гуфтааст, ки бо он зан бо хоҳиши дуҷониба алоқаи маҳрамона доштанд.
Конор Макгрегор тасмим дорад, ки аз болои ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят барад, зеро ба қавли варзишгари машҳур додгоҳи ҳакамон далелҳои овардаи ӯро ба назар нагирифтааст.