Мувофиқи Резолютсияе, ки соли 2022 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул намуда буд, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудааст.
Тавре маркази матбуоти СММ хабар додааст, тибқи барнома дар ин сол чорабиниҳои зиёде гузаронида мешаванд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим дар тӯли 20 соли охир қисми зиёди пиряхҳои сайёра ба обшавӣ сар кардаанд. Аз ҷумла пиряхҳо дар Тян-Шони Ғарбӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳудуди 27% кам шудаанд. Дар Африқо ва дигар қисматҳои ҷаҳон низ пирояхҳо бо суръат об шуда истодаанд, ки ин бисёр ташвишовар мебошад.
Таъкид шудааст, ки новобаста ба ҳама тадбирҳои адешидашуда бо сабаби гармшавии ҳаво ва тағйирёбии босуръати иқлим то соли 2050 аз се як ҳиссаи 50 обектҳои муҳим, ки мероси ЮНЕСКО ба шумор мераванд, несту нобуд шуда метавонанд. Соли 2025 дар Тоҷикистон бахшида ба ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи он ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки сарчашмаи асосии оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақа ба шумор мераванд. Зиёда аз 1000 пирях бо сабаби тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба пурагӣ об шудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи генералии СММ қайд карда буданд, пиряхҳои Тоҷикистон 60% захираҳои оби нӯшидании Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд ва обшавии пиряхҳо мушкили глобалӣ мебошад.