«Олимони ширкати Toll Free Forwarding пешгӯӣ мекунанд, ки одами 3000-сола метавонад аз ҳамзамонони мо хеле фарқ кунад”-навиштааст Daily Mail.
Дар ин бора сомонаи Кун.уз дар истинод ба манбааш иттилоъ медиҳад.
Тавре дар манбаъ мегӯяд, гаҷетҳо ва компютерҳо метавонанд ба бадани инсон тағйироти даҳшатовар ворид кунанд. Муҳаққиқон дар асоси тадқиқот оид ба таъсири технологияҳои муосир ба анатомия ва физиологияи инсон ва андешаҳои мутахассисон модели тахминии одами ояндаро офаридаанд. Онҳо модели 3D-ро Минди номиданд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ба далели афзоиши вобастагӣ аз гаҷетҳо, бадани инсони оянда ба баъзе тағйиротҳо дучор мешавад, масалан, бинобар зарурати пайваста нигоҳ доштани гаҷет, миён хам, гардан ғафс ва ангуштон печида мешаванд. “Барои аз нури дурахшони экран муҳофизат намудани чашмон пилки сеюм пайдо мешавад, ки ҳоло танҳо дар баъзе ҳайвонот дида мешавад” - оварда шудааст дар хабари манбаъ.
Дар хабар ҳамчунин зикр гардидааст, ки аз сабаби зарурати доимо ҳам кардани сар ба экранҳои компютер ё планшет, мушшакҳои гардан калон мешаванд. Ғафсии устухонҳои косахонаи сар низ метавонад зиёд шавад ва андозаи худи майна кам шавад.
Гуфта мешавад, ки Минди вориси Эмма мебошад, ки соли 2019 барои исботи аҳамияти шароити хуби корӣ сохта шудааст. Эмма аз ҷониби муҳаққиқон пас аз сӯҳбат бо зиёда аз 3000 корманд дар бораи мушкилоти саломатии онҳо офарида шудааст. Ӯ ҳар рӯз соатҳо болои мизи худ хамида нишаста, чашмонаш аз нигоҳи тӯлонӣ ба экрани компютер сурх мешаванд. Аз сабаби солхои сол кор кардан дар зери нури сунъй пуст зард мешавад.