Маҳсулоти лозима:
800 грамм шафтолу, 200 грамм шакар, 2500 мл об.
Тарзи таҳия:
Шафтолуро аз донакаш тоза карда, реза кунед. Меваи резаро ба бонкаҳои пешакӣ тамизшуда ҳамроҳ бо шакар андохта, бонкаро пур аз оби ҷӯшида кунед. Бонкаро маҳкам карда, чанд бор такон диҳеду сар ба поён гузоред. Баъди хунук шуданаш дар ҷои сард нигоҳ доред.