Sebiston new 2024 october
Комёбии як донишҷӯи тоҷик
671

Акбарзода Мубориз Мусо, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон” ширкат варзида, сазовори диплом ва ҷоиза гашт.

Олимпиадаи байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон” бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Мониторинги байналмилалии рушди демократия ва Академияи давлатии ҳуқуқи Саратов доир гашта, дар он 2476 нафар донишҷӯён аз 172 донишгоҳу донишдакаҳои олии ҷаҳон иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

Ба донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Акбарзода Мубориз Мусо мусссар гашт, ки дар ин олимпиада ширкат варзида, новобаста ба рақобати шадид сазовори диплом, ҷоиза ва роҳхат ба парлумони байналмилалии ҷавонон ва конфронси илмӣ-амалӣ гардад.

Дар Олимпиадаи байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон” донишҷӯёни макотиби олии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Узбекистон, Туркманистон, Украина, инчунин Ҷумҳурии Ҷибути, Ҷумҳурии Халкии Чин, Ҷумҳурии Мали, Муғулистон ва Тоҷикистон комёб гаштанд.
Ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии интернетӣ дар кори Мактаби сеюми байналмилалии парлумонии ҷавонон ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар шакли мубоҳисаҳои илмӣ, ки рӯзи 12 декабр доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД