Душанбе, Тоҷикистон, 19 декабри соли 2025 – Ширкати Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон (минбаъд - “Ширкат”) идомаи ҳамкории стратегии худро бо Федератсияи Футболи Тоҷикистон (минбаъд – “ФФТ”) дар доираи нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 19 декабр дар идораи марказии Ширкат дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълон намуд. Созишномаи нав то охири соли 2027 амал мекунад ва бори дигар садоқати Ширкат барои дастгирии рушди футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фаъолро дар саросари кишвар нишон медиҳад.
Ширкат аз соли 2017 бо ФФТ ҳамкорӣ мекунад ва ин ҳамкорӣ нақши муҳим дар пешбурди футбол дар Тоҷикистон бозидааст. Дар тӯли ин солҳо, талошҳои муштарак барномаҳои маҳаллӣ, мусобиқаҳои ҷавонон ва рушди инфрасохторро дастгирӣ намуда, барои ҳазорҳо варзишгари ҷавон имконият фароҳам оварданд, то ба варзиш ҷалб шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд.
Дар чорабинӣ намояндагони Ширкати Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, масъулони Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳои пешсаф, ки тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро мегиранд, иштирок карданд. Нишасти матбуотӣ маросими имзои созишнома ва мусоҳибаҳо бо Бурак Атеш, директори генералии Ширкат ва Искандар Ҷалилов, муовини президенти ФФТ-ро дар бар гирифт.
Бурак Атеш, директори генералии Ширкати Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, изҳор дошт: «Футбол танҳо як бозӣ нест — он манбаи илҳом ва ваҳдат барои ҷомеаҳо мебошад. Бо ин ҳамкорӣ мо мехоҳем иштироки ҷавононро ташвиқ намоем, рӯҳияи дастаҷамъиро тақвият диҳем ва ба рушди футбол дар Тоҷикистон саҳм гузорем. Садоқати мо аз сарпарастӣ бештар аст; мо имкониятҳои нав барои насли солим ва фаъол фароҳам меорем».
Искандар Ҷалилов, муовини президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, илова намуд: «Ширкати Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон аз соли 2017 шарики боэътимоди мо мебошад ва дастгирии онҳо ба мо имкон дод, ки дар рушди футбол пешравиҳои назаррас ба даст орем. Ин ҳамкорӣ ба мо имконият медиҳад, ки мусобиқаҳои миллӣ ва минтақавиро ташкил намоем, шароити тамринро беҳтар созем ва ҷавононро барои расидан ба орзуҳои худ илҳом бахшем. Якҷоя мо заминаи мустаҳкам барои ояндаи футболи Тоҷикистон месозем».
Ин ҳамкорӣ саҳми Ширкатро барои ҷалби ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол тавассути ташаббусҳои варзишӣ боз ҳам аён мекунад. Бо дастгирии рушди футбол, ширкат мехоҳад ҷавононро илҳом бахшад, имкониятҳои баробар фароҳам оварад ва ба рушди дарозмуддати яке аз варзишҳои дӯстдоштаи Тоҷикистон саҳм гузорад.
Дар бораи Coca-Cola İçecek (CCI)
Coca-Cola İçecek (CCI) ширкати байналмилалии нӯшокиҳои Туркия мебошад, ки ба Гурӯҳи Anadolu тааллуқ дорад ва дар кишварҳои Туркия, Покистон, Қазоқистон, Ироқ, Узбекистон, Бангладеш, Озарбойҷон, Қирғизистон, Урдун, Тоҷикистон, Туркманистон ва Сурия фаъолият мекунад.
CCI истеҳсол, тақсим ва фурӯши нӯшокиҳои газдор ва бе гази The Coca-Cola Company ва Monster Energy Beverage Corporation-ро ба роҳ монда, инчунин тавассути ширкати фаръии худ Anadolu Etap İçecek (Anadolu Etap Penkon Gıda ve İçecek Ürünleri Sanayi ve Ticaret Anonim Şirket) консентрати шарбати мева истеҳсол мекунад.
Ширкат зиёда аз 10 000 корманд дорад, дар 12 кишвар 36 корхонаи шишабандӣ ва 3 корхонаи коркарди мева фаъолият мекунанд, ки ба базаи аҳолии 600 миллион нафар доираи васеи нӯшокиҳоро пешниҳод менамояд. Ба ғайр аз нӯшокиҳои газдор, портфели маҳсулот шарбатҳо, обҳо, нӯшокиҳои варзишӣ ва энергетикӣ, чойҳои яхкардашуда ва қаҳваро дар бар мегирад. Саҳмияҳои CCI дар Биржаи Истанбул (Borsa Istanbul Stock Exchange) бо рамзи “CCOLA.IS” муомила мешаванд.