Sebiston new 2024 october
Китобдӯстон бо шоирону нависандагони тоҷик аз наздик шинос мешаванд
1657

Бахшида ба Рӯзи китоб пагоҳ, 4-уми сентябр дар назди бинои нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад.

Дар ин намоиш-фурӯши китоб нашриётҳои тобеи Вазорати фарҳанги мамлакат ва дигар нашриётҳо китобҳои тозанашрашонро ба хонандагон пешниҳод менамоянд.

Китобдӯстон ҳамчунин имкон доранд дар асарҳои харидаашон соядасти адибонро низ бигиранд. Онҳо бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шуда метавонанд.

Дар ин бора Раҳмоналӣ Мирализода, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар» хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сол қабл, 4-уми сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз - 4-уми сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД