Кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳияи Спитамен оғоз ёфт
12.02.2026
Oila.tj
67

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни муаррифии нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Спитамен маълумот дода шудааст, ки дар ноҳия 10970 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин дар майдони 6490 гектар пахта, 120 гектар картошка, 271 гектар сабзавот ва дигар анвои зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят ҳамроҳи саҳмдорону хоҷагидорон дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Б. Комилов" дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд дастуру маслиҳатҳо додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД