Нони хушк ё ба истилоҳи имрӯз кириешки аз ҷумлаи маҳсулоти серхаридори кӯдакона ба шумор меравад ва махсусан кӯдакони то синни мактабӣ онро дӯст медоранд. Аммо духтурони кӯдакона истеъмоли онро барои саломатӣ зараровар мегӯянд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи зарарҳои кириешки маълумот медиҳем.
Кириешки (крекер) аз чӣ тайёр карда мешавад?
Аз кириешки накҳати гуворои маҳсулоти намакдор, мурчдор ва тунд ба машом мерасад. Ба гуфтаи истеҳсолкунандагон, барои тайёр кардани кириешки нони махсусро истифода мебаранд, ки дар нонвойхонаҳои худӣ омода карда мешавад. Онҳо дар равған хушк карда мешаванд, ки орӣ аз холестирин ва моддаҳои зараровар мебошад. Бояд гуфт, ки дар марҳилаи омодакунӣ натанҳо ингредиентҳои табиӣ, балки моддаҳои кимиёвӣ, ба монанди глутамати моносодиум, дуоксиди сулфур, кислотаи лимӯ низ истифода мешаванд, ки дар баробари ҷалб кардани шахс бо накҳати гуворояшон, паёмадҳои номатлуб низ доранд. Аксари ин иловаҳо барои фаъолияти муътадили рӯдаву меъда хатарнок мебошанд.
Таъсири манфии кириешки
Тавре сомонаи eda.jofo.me менависад, нони хушконидашуда аз витаминҳо ва микроэлементҳо орӣ буда, истеъмоли он ба организми инсон ягон фоида надорад. Гузашта аз ин, иловаҳои кимиёвии хушбӯй ва ранги дар таркиби кириешки мавҷудбуда ба кори рӯдаву меъда таъсири манфӣ мерасонад. Сершавӣ зуд ба вуҷуд ояд ҳам, эҳсоси вазнинӣ дар меъда, зардаҷӯш, қабзият ва дигар оқибатҳои манфиро ба вуҷуд меорад.
Бемориҳое, ки аз кириешки пайдо мешаванд
Кириешки ба узвҳои дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад, ҳамчунин ба системаи дилу рагҳо бетаъсир намемонад. Аз ҷумла кори ҷигарро номуътадил карда, вазниниро дар организм ба вуҷуд меорад.
Пухтани кириешки дар хона имконпазир аст?
Барои омода кардани кириешки дар хона нони сиёҳ ё сафед лозим аст. Нонҳоро бурида, онҳоро бо каме равған бирён кунед, баъд камтар сирпиёз, бодиён ва пиёзро илова намоед, то таъми хушбӯй ва накҳати нотакрор пайдо кунанд.
Кириешкиҳои хонагӣ аз моддаҳои кимиёвӣ орӣ буда, фарзандони шумо ғизои табиӣ мехӯранд.