Мурод Раҷабов, бозингари машҳур, симои театру кино ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон пас аз бемории тулонӣ даргузашт.
Марҳум 30 марти соли 1949 дар шаҳри Тошканд таваллуд шуда, соли 1971 Донишкадаи театрию рассомии Тошкандро хатм кардааст.
Фаъолияти актёрии худро соли 1973 бо нақшҳои хурд дар филми «Соҳили оташ» оғоз кард. Ба ӯ нақшҳое, ки дар филмҳои «Хаёлпарасти аҷиб», «Тӯй муборак», «Роҳҳои оташин», «Баччаҳо аз Танга», «Зани оҳанин», «Марди оҳанин», «Табиби хурдакак», «Шайтанат», «Сарвиноз», «Ҷӯраҳои улфатӣ», «Суперкелинчак», «Севгинатор» ва ғайра офарид, шуҳрати калон оварда, номашро вирди забон намуданд.
Ӯро дар кишвари мо ҳамчун падари Сардор ва хусури Суперкелинчак мешиносанд. Ӯ, ки ҳамеша муқобили райъи ҳамсараш мебаромаду тарафи келинро мегирифт ва зери бори таънаи ҳамсараш мемонд, намунаи олиии як хусур маҳсуб меёфт.
Ин ҳунарманди мумтоз дар синни дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт ва марги ӯро талафоти калоне барои санъати кинову театри узбек медонанд.