Sebiston new 2024 october
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи “World Food”
419

6 бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар 32-умин Намоишгоҳи байналмилалии ғизои тирамоҳӣ “World Food Moscow 2023”, ки 19 сентябр дар шаҳри Москва оғоз гардид ва то 22 сентябр давом мекунад, иштирок менамоянд.

Тоҷикистонро корхонаҳои шаҳри Исфара: “Меваи тиллоӣ”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Субҳи ватан”, “Меваи заррин”, корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии “Лаззати Хатлон” маҳсулот мефурӯшанд ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи www.world-food.ru хабар дод.

Гуфта шудааст, ки иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо раванд ва тамоюлҳои нави бозор дар минтақа шинос шаванд.

Бояд гуфт, ки “World Food Moscow” ҳар сол доир гардида, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 1000 истеҳсолкунанда ва таъминкунандагони ғизо аз беш аз 50 минтақаи Русия ва 39 кишвар, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, Ховари Миёна, Алҷазоир, Бразилия, Ветнам, Олмон, Ҳонконг, Юнон, Гурҷистон, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Чин, Малайзия, Мексика, Нидерландия, АМА, Уммон, Перу, Арабистони Саудӣ, Сербия, Таиланд, Тунис, Туркия, Уганда, Чехия, Чили, Шри-Ланка, Эквадор, Эфиопия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҷанубӣ Корея.

Дар намоишгоҳ 17 павилони миллӣ, аз ҷумла павилони Тоҷикистон бори аввал ва 36 экспозитсияи коллективии минтақаҳои Русия намоиш дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД