Аз санаи 5 октябри соли ҷорӣ шумораи парвозҳои Тоҷикистону Русия афзоиш меёбад.
Тавре ситоди фаврии мубориза бар зидди короновирус дар Русия хабар додааст, ки парвозҳо ба самти Маскав - Хуҷанд ва Маскав – Кӯлоб ҳафтае ду маротиба зиёд мешавад.
Дар баробари ин, парвозҳо ба самти АМА, Испания, Ҳиндустон, Баҳрайн, Ҷопон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва аз 4 ноябр ба Шри Ланка афзоиш меёбад. .
Бар замми ин, парвозҳо миёни Маскав ва чанд шаҳри Ӯзбекистон иҷозат дода шудааст.