Бо шавҳарам пеш аз тӯй шинос шуда, бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем. Аҳли оилаамон бар зидди издивоҷи мо буданд, вале мани эрка бо якравию қаҳру ноз наздиконамро ба ин издивоҷ розӣ кунони дам, чунки ошиқам бо ҳусну ҷамоли беназираш маро мафтуни худ гардонида буд.
Апаи калониям шавҳарашро дӯстдошта, оиладор шуд ва зиндагиашон бисёр ширин буд, мани сода ҳаёти хушбахтонаи онҳоро дида гумон мекардам, ки агар одам ба дӯстдоштааш расад, хушбахт мешавад, вале хаёлам хом баромад. Баъди тӯй хушдоманам маро ба наздаш даъват кард гуфт, ки “писарамро мисли апаат зин зада савор шуда наметавонӣ. Аз хати кашидаи ману писарам як қадам берун бароӣ, ҳамон замон аз хонаи ман дафъ мешавӣ!» Намедонам апаи ман ба инҳо чи бадӣ карда бошад, ки шавҳару хушдоманам апаву язнаамро чашми дидан надоранд.
Язнаам тамоми нозу нузи апаамро мебардораду зиндагии шоҳонаи онҳо ба шавҳару хушдомани ман намефорад. Апаи бечораам ҳар бор ба хонаи ман меҳмонӣ омада,ягон камбудиямро бинад, дарҳол пул медиҳад ё чизҳои даркориямро харида медиҳад, ана ҳамин амалаш қаҳри шавҳарамро меорад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан, ин ношукр бандаҳо баръакс сояи апаи ғамхору меҳрубони маро аз девор метарошанд. Қайсингилҳоям «апаи ҷодугарат дигар ба хонаи мо набиёяд» гуфта, маро истинтоқ мекунанд. Язнаам одами хубаст, фарзандонашро гул барин нигоҳубин мекунад, падару модари маро ҳурмату эҳтиром менамояд. Магар шавҳар занашро эрка кунад, ин нишонаи ҷодугарии занаш аст?