Arzon march 2024
Хушдомани келинозорро ҷарима мекунанд?
1752

 

Хушдомани исфарагӣ, ки келини хонадонашро "одоб" медод, бар зидааш парвандаи маъмурӣ кушодаанд.

Тавре хабар доданд,бо эҳтимол ба ӯ аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима баста шавад. Намояндагони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таҳқиқ идома дорад.

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане арӯси оиларо дар рӯ ба рӯи дурбини телефони мобилӣ “истинтоқ” мекунад.

 

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии Суғд хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод хонаводаро дар шаҳри Исфара ёфтанд. ва нисбат ба хушдоман ба иттиҳоми “зӯроварӣ дар оила” парванда кушоданд.

Нисбат ба шахсоне, ки ба узви аз нигоҳи моливу иқтисодӣ вобастаи оила фишор меоранду зӯроварӣ мекунанд, аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима дар назар аст, омадааст дар хабар.

Аз лаҳзаи пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, назарҳои гуногун ва шаҳрҳои зиёд навишта буданд. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД