Formula novemver 2024
Хушдоманам дузд аст ё хоҳаршӯям?
5269

Ман Мадина, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Аслан духтари шаҳрӣ ҳастам ва як сол пеш арӯс шуда, ба деҳа ба хонаи шавҳарам омадам. Зиндагиамон хуш мегузарад, шукри худо, соњиби фарзанд ҳам шудем, аммо як чиз маро нороҳат месозад, ҳар гоҳ, ки ба шаҳр ба хонаи падару модарам меҳмонӣ равам, баъди бозгашт чизу чораи хонаамро беҷошуда меёбам. Чанд маротиба дар ин хусус ба шавҳарам гуфтам, аммо даст афшонда гуфт, ки ба ин майда-чӯйдаҳо аҳамият надиҳам. Дар хонаи мо касе ба чизу чораи каси дигар даст намерасонд ва бе иҷозат ҳатто шампуну собуни якдигарро истифода намебурдем, аз ҳамин сабаб вақте ки нопурсида ба чизҳоям мерасанд, ин ба ман бисёр сахт мерасад. Ростӣ, намедонам, ки ин кори хушдоманам аст ё хоҳарони шавҳарам. Аслан бароям нофаҳмост, ки чаро дар набудани ман аҳли оилаи шавҳарам сандуқ ва ҷевони маро такорӯ мекунанд. Онҳо чи мекобанд, намедонам. Туҳмат кардан хуб нест, аз ин рӯ ошкоро дар ин бора гап зада наметавонам. Дарамро қулф карда равам, хушдоман ва хоҳарони шавҳарам хафа мешаванд. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Мадина, н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД