Arzon march 2024
Хушдоманам қасам хӯрд, ки писарашро зани ҷавон медиҳад, вале...
24.04.2025
Оила
1337

Шавҳари аз худам хурд карда гунаҳкор шудам?

Салом! Ман як ҷавонзани дар миёни чорроҳаи зиндангӣ зору ҳайронмонда мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз хонандагон маслиҳат бипурсам.

Ман аз шавҳарам панҷ сол калон ҳастам, вале зӯран ба гарданаш бор нашудаам. Дар вақташ худаш маро сахт дӯст дошта ба қавле Маҷнуни сонӣ шуда буд ва ба фарқияти синну соламон аҳият надода, ба хонаи мо хостгор фиристод. Пеш аз тӯй чанд маротиба гуфтам, ки ман аз ту панҷ сол калон ҳастам, боз модарат аз писари ман калон будаӣ гуфта таъна назанад, вале қасам болои қасам мехӯрд, ки пайвандонаш розӣ ҳастанд ва ба зиндагии мо дахолат намекунанд. Ба қавлу қасамаш бовра карда, розигӣ додам ва бо садҳо умеду орзуҳои ширин қадам ба остонаи хонаашон гузоштам, вале аз рӯзи аввал хушдоманам ба ман рӯйи хуш надод.

Хулоса, муддати 7 сол мешавад, ки оиладорем, вале то ба имрӯз кампири хушдоманам маро таъна мезанад, ки аз писараш калонам. Модаршӯям рӯйирост мегӯяд, ки то писарамро аз ту ҷудо карда, зани ҷавон надиҳам, ором намегирам. Чанд маротиба шавҳарамро маҷбур кард, ки талоқи маро диҳад, вале шавҳарам розӣ нашуд.

Модаршӯям доим аз таги нохун чирк кофта, маро бо шавҳарам ҷанг андохта меистад. Аксар вақт бо сабаби шӯрандозии хушдоманам байни ману шавҳарам ҷангу ҷидол сар мезанад. Ду ҳафта пеш бо балвои модараш шавҳарам боз мани ҳомиларо бераҳмона лутукӯб кард ва дигар тоқат карда натавониста, кӯдаконамро гирифта, қаҳр карда ба хонаи модарам омадам. Шавҳарам ду-се маротиба ба сарам омада бошад ҳам, нарафтам, зеро хуб медонам, ки маро бо зорию тавалло мебараду ду-се рӯз пас бо балвои модараш боз латукӯбам мекунад.

 Аз оне, ки ба ҷавони аз худам хурд ба шавҳар баромадам, сад бор пушаймонам, вале дигар оби рехтаро бардошта намешавад, зеро мо аллакай соҳиби ду фарзанд ҳастем ва ман боз ҳомиладорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД