Arzon accountant
Хуршед Сатторов ва ҳамкасбонаш Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мекунанд
820

Пагоҳ, 29-уми август, соати 19:00 дар Наврӯзгоҳи пойтахт таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад.

Дар фестивал тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва ҳафт тарроҳи дигар либосҳои омоданамударо пешниҳод менамоянд.

Чунин фестивал бори аввал аст, ки дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар оғоз тарроҳон либосҳои қадимии миллиро пешниҳод менамоянд. Сипас, колексияи тарроҳон иборат аз либосҳои миллии ҷашнию рӯзмарра намоиш дода мешавад.

Ҳадафи ин намоиш тарғиби либосҳои миллӣ мебошад. Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД