Хурморо аксарияти мардум бештар дар моҳи шарифи Рамазон ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор истеъмол мекунанд. Ин меваи хушки болаззат дар маъракаву маросимҳо низ кайҳо зеби дастурхони мардум гаштааст. Истеъмоли он дар давоми рӯз ба кас қувва мебахшад. Хурмо дар баробари меваи ширин буданаш хусусиятҳои зиёди табобатӣ дорад.
Хӯрдани хурмо дар саҳархӯрӣ ва ҳангоми ифтор суннат аст. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Беҳтарин саҳарии муъмин, хурмо аст" (Абу Довуд).
Хурмо дар нимҷазираи Араб бори аввал 6000 сол пеш кишт карда шудааст. Тасвири ин меваҳо дар дохили аҳромҳои Миср ва дар харобаҳои маъбадҳои Бобулӣ мавҷуданд. Имрӯзҳо хурморо дар бисёр минтақаҳои тропикии ҷаҳон парвариш мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ хурморо дар ҳолати хушк мефурӯшанд. Ин меваро аз рӯи навъаш интихоб мекунанд. Хурмои тару тоза ҳаҷман хурд буда, рангаш аз сурхи дурахшон то зарди равшан мешавад.
Хусусиятҳои шифобахшии хурмо
Хурмо дорои садҳо витаминҳои ба организми инсон муфид мебошад. Мувофиқи таҳқиқотҳои илмӣ, хӯрдани 4 дона хурмо дар як рӯз (ба ҳисоби миёна 100 грамм) 15% талаботи рӯзонаи ҷисми инсонро ба моддаҳои муҳим, аз қабили мис, калий, магний ва селен қонеъ мегардонад.
Хурмо манбаи энергия буда, хастагиро рафъ месозад, ҳамзамон барои пешгирии бемории алтсгеймер, қабзият, камхунӣ, дарунравӣ, диабети қанд, аллергия мусоидат мекунад. Ин меваи болаззат барои кори рӯдаҳо ва дил муфид буда, устухонро мустаҳкам месозад.
Истеъмоли хурмо барои пиронсолон низ фоиданок аст, зеро ин меваи биҳиштӣ аз калий ва магний бой аст. Хӯрдани хурмо хатари инсулт ва сактаи қалбро коҳиш медиҳад.
Диетологон мегӯянд, пас аз машқу тамрин хӯрдани хурмо ҷисми инсонро бо моддаҳои зарурӣ пур карда, фаъолияти муътадили баданро барқарор месозад.
Мувофиқи як таҳқиқот, ки соли 2012 гузаронида шудааст, хурмо метавонад ба ринитҳои аллергӣ таъсири мусбат расонад. Таҳқиқот нишон додааст, ки иммунотерапияи хурмо дар коҳиш додани як қатор аломатҳои илтиҳобӣ дар беморони гирифтори ринити аллергӣ самаранок аст.
23 аминокислотаи муфид
Хурмо дорои 23 аминокислотаҳои ғайримуқаррарӣ мебошад, ки дар дигар меваҳо дида намешаванд. Дар баробари ин, мева аз моддаҳои ғизоӣ ва минералӣ бой аст. Хурмои хушк дорои калорияи зиёд аст. Он ба меваҳои хушк, аз қабили мавиз ва анҷир монанд мебошад.
Дар як рӯз чӣ қадар хурмо хӯрдан мумкин аст?
Хӯрдани ҳамагӣ ду дона хурмо дар як рӯз метавонад устухонҳоро мустаҳкам, системаи ҳозимаро беҳтар, бемориҳои дилу рагҳо ва хатари саратони рӯдаро пешгирӣ намояд. Хурмо ба қатори меваҳое, ки истеъмолашон касро ҷавонтар месозад, дохил мешавад. Хӯрдани 4 дона хурмо дар як рӯз аз манфиат холӣ нест.
Абдуғаффор ШОДИЕВ