Маҳсулоти лозима:
Мурғи дудхўрда (копченый), 3 тухм, себ, бодиринги очонидашуда, сурхпиёз, ду қошуқча шакар, қаймоқ (сметана), майонез якқошуқӣ, 100 грамм киви, донаки анор, помидори черри.
Тарзи таҳия:
Пиёзро хурд реза карда, дар каме сиркову шакар ва намаку 2 қошуқ об тар карда, 20 дақиқа нигоҳ доред. Мурғу тухмҳои пухтаро хурд реза кунед. Бодирингро хурд реза карда, себро аз пўсту донакаш тозаву реза кунед. Оби пиёзро полонида, ҳамаи маҳсулоти резаро бо қаймоқу майонез омезиш диҳед. Кивиро реза карда, дар атрофи хўриш бо анор пайи ҳам чинед. Дар нўги «арча» як дона помидор гузоред.