Идомааш ...
Саид зуд аз ҷой боло шуд ва бо ғазаб хост дари ҳуҷраи хобро кушояд, аммо боз ҷарангоси шиша ба қадаҳро шунида нахост ворид шуда, ғазаби Наташаро зиёдтар намояд ва бо ин рафтораш дар муносибатҳояшон хати сиёҳ кашад.
Мард калавида - калавида то ошхона омад ва дари поёни яхдонро кушода, аз он ҷо як шиша коняки қиммати франсузии «Hardy Perfection Fire»-ро берун бароварду қадаҳеро аз ҷевон гирифта сари мизи чойнӯшӣ нишаст. Шишаро кушода қадаҳи якумро бардошту хост шаробро боз ба яхдон гузорад, ҳамин вақт аз дохили ҳуҷраи Наташа садои сурудхонии ӯ баромад, ҳамон суруде ки ҳангоми сархӯшӣ мехонд…
Жил - был художник один, домик имел и холсты,
Но он актрису любил, ту что любила цветы.
Он тогда продал свой дом, продал картины и кровь,
И на все деньги купил, целое море цветов.
Миллион, миллион, миллион, алых роз,
Из окна, из окна из окна видишь ты.
Кто влюблен, кто влюблен, кто влюблен и всерьез
Свою жизнь для тебя превратит в цветы…
Бо шунидани ин суруди машҳури Алла Барисовна, ки Наташа ҳангоми сархӯшӣ ва доштани бори гарони андуҳ дар дил, замзама мекард, Саид аз фикраш гашт ва боз шиша дар даст сари миз нишаста ба нӯшидан оғоз кард…
Ду ошиқ, як тоҷики кӯҳистонии 40 - сола аз Ховалинги зебоманзар ва як зебосанами 42 - солаи рус аз шаҳри Омски Сибир дар Рублёвкаи Москва, ки виллаву котеҷҳои миллионреҳои рус он ҷо воқеъ аст, дар ду тарафи дари баста истода шароб менӯшиданд. Ин шаб гӯё миёни онҳо гурбаи сиёҳ давида бошад, аз он шӯру шавқи ҳаррӯзаашон, нешу нӯши ҳамавақтаашон дараке набуд.
Ҳар шаб ин вақт онҳо ҳар ду болои дивани қиммати итолиёвӣ, ки аз худи Рим дархост карда харида буданд ва омаданашро ду моҳ мунтазир шуданд, шампонро як қурт - як қурт фурӯ бурда, донаҳои қулфинайро тақсим карда, як газ зан ва як газ мард гирифта мехӯрданд ва аз лабони аз шаҳди қулфинай ва винои гаронарзиши итолиёвӣ пурнакҳату хушбӯйи якдигар гули бӯса мечиданд, аммо имшаб…
Рекомендуем
Имшаб бо ин зан ва ин марди ошиқ, ки гарчанде як – як тораҳои сафед ба мӯяшон нишаста, фарзандони калон доштанд, аммо чун ҷавонони 25- сола ишқварзӣ мекарданд, чӣ шуд? Магар ба зиндагии ширинашон чашми бад расид? Касе ба Наташа ягон чизи бад гуфт? Ин ва саду як суоли дигар зеҳни Саидро машкук карда буд. Оҳиста – оҳиста шароб кори худро карда, пеши чашмонаш торафт торик шудан мегирифт…
Маҳаллаи маъруфи миллионерҳои рус – Рублёвка гӯё сокит буд. Миллионерҳои рус як- як баъди айшу нӯш зимоми идораи худро ба хоб медоданд ва танҳо ду лампа месӯхт, яъне ду нафар бедор буданд. Як русу як тоҷик ва аз тирезаи нимроғи яке овози канда- канда меомад:
Встреча была коротка в ночь ее поезд увез,
Но в ее жизни была песня безумная роз.
Миллион миллион миллион алых роз,
Из окна из окна из окна видишь ты.
Кто влюблен, кто влюблен, кто влюблен и всерьез,
Свою жизнь для тебя превратит в цветы.
Миллиоооооооооон миллион миллиоооооооон…. - хоби Наташа ҳам бурд…
Субҳи барвақт хизмадгорзан Елена баҳри кадбони хонадон шавлаи ҷуворимакагӣ ва барои хуҷаин тухму омлет тайёр карданӣ шуда назди пилта машғули ҷумбуҷӯл буд, ки дари ҳаммоми ошёнаи якум қарсосзанон кушода шуду Саид сачоқро дар гарданаш печонда, аз зери халат оби танааш чакида –чакида берун баромад ва тез-тез сӯйи ошёнаи дуюм қадам монд. Елена дар ҳайрат афтид, чунки хӯҷаин ҳамеша дар ҳаммоми ошёнаи дуввум оббозӣ мекард.
Дирӯз хӯҷаин худаш шахсан бо ӯ хонаро оро дод ва то субҳ Еленаро мураххас намуд, вале ҳангоми аз дар баромадан дили зан гувоҳӣ дод, ки ин «шоми романтикӣ» бенатиҷа меанҷомад. Бибии Елена аз нажоди сиганҳо буд ва фолбину ҷодугари мумтоз ба ҳисоб мерафт. Елена шояд истеъдоди пешгӯйӣ карданро аз бибиаш мерос гирифта, ҳамеша ҳодисаҳоро пеш аз вуқуъашон эҳсос мекард, аммо сир бой намедод. «Хӯҷаин аққалан салом надод. Имрӯз ӯ ҳеҷ ба худаш монанд нест! Пештар ягон вақт бе салом намегузашт! Аҷиб, ба вай чӣ шуда бошад?»
Банди ин гуна фикру хаёлҳо Елена рӯйи мизро оро дод. Мевагӣ монд, чунки Наташа дар субҳона ангурро дӯст медошту Саид ҳатман як себро пӯст карда, мехӯрд. Чойи кабуди бо жасмин, пиставу бодоми Ховалинг, мавизи Ҳисор як - як болои миз пайдо шудан гирифтанд. Охир, ҳозир сари миз ошиқу маъшуқ баъди гузаронидани як шаби саршор аз бӯсу канор ва чашидани шаҳди муҳаббат, хаставу гурсна меоянд. Инро фикр карда Елена гӯшти қиммаи бегоҳ барои тушбера омодакардаашро аз яхдон берун кашида, ба он қиммаи нони қоқ илова кард, то катлет пазад.
Ин дам садои пойи Наташа, ки аз поғундаҳо мефаромад, ба гӯш расида, диққати Еленаро ҷалб кард. Ӯ зуд дасташро дар оби ҷуммак шуста, саросема бо сачоқ пок кард ва ба миз наздик шуда, курсиро қафо кашид, то хонум бинишинад, аммо Наташа ба ҷойи он ки салом дода сари миз шинад, бо оҳанги омирона фармуд:
- Елена! Ба ман вино рез!
Еленаи дар ҳайрат афтида, саргаранг сӯйи яхдон мерафту овози Наташа ҳамоно ба гӯшаш мерасид:
- Уфф, сарам мекафад, эҳ Худоооо!
Хизматгорзан ба қадаҳ вино рехта ба хонум дароз кард. Наташа як қадаҳ виноро як қурт кард ва ҷомро болои миз гузошту ишора кард, ки боз резад. Елена маънидорона ба кадбону нигарист. Наташа маънии нигоҳи Еленаро пай бурда фаҳмонд:
Шаб бисёр нӯшидам, сарам мекафад, барои пахмел, вагарна имрӯз кор карда наметавонам…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед.