Саидмурод пеши пойи ҷавонзани рус ба зону зада, ангуштарини гаронбаҳои бриллиантии дар қуттичаи сурхи дилакшакл рӯйи даст, ба ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ мекард.
- Азизам Наташа, ту бо ман издивоҷ мекунӣ?
Наташа, ки нав аз кор баргашта буд, аз ин пешниҳоди ногаҳонӣ пакар шуда, ба гирду атроф нигарист. Ҳама ҷо шамъҳо фурӯзон, лампаи электрикӣ хомӯш, бозичаҳои мулоим ва пуфакҳои дамкардашуда рӯйи замин паҳну парешон, дар мобайни хонаи хоб, ки дараш кушода буду аз даҳлез метофт, мизи орододашуда бо меваҳо, лаълиҳои шоколад, шишаҳои шампон, винои сафед ва сиёҳ, арақи қимматтарини навъи «Кристалл», ки ӯ дӯст медошт, гузошта шуда фужеру финҷонак ва гелосакҳо чида шуда буданд. Мисли филмҳо.
Ӯ воқеан ин гуна саҳнаҳоро танҳо дар филмҳо дида буд ва як маротиба худаш барои ин мард, тоҷике, ки бо ӯ ду сол боз зиндагӣ мекард, чунин саҳнаи зеборо омода карда буд, аммо шоми романтикӣ бенатиҷа анҷомид …
Наташа он рӯз 2 - солагии зиндагии якҷояашон бо Саидро қайд карданӣ шуда, аз кор тез баргашт. Бо хидматгорзан Елена хонаро орову торо карданд. Аз худи дари даромад, то хонаи хоб пуфакҳоро дам карда овехтанд.
Дар ошёнаи якум онҳо ҳавзчаи хурде сохта буданд. Наташа ҳавзро пур аз барги садбарг карда, оби гарм сар дод. Дар гӯшаҳои ҳавз шишаи шампон ва виноро бо қадаҳҳо гузошт, то вақти истироҳат дар ваннаи садбаргӣ тавонанд роҳат аз ин неъматҳо истифода баранд. Дар хонаи хоб ҳам шамъҳоро фурӯзон карда мизи журналҳоро бо нӯшокиҳо пур кард.
Қуттиҳои шоколади маъруфи «Алёнка» барои газак бо коняк ва вино болои миз пайдо шуданд. Хизматгорзан дар ошхона хӯроки дӯстдоштаи Саид - палови тоҷикӣ пухт. Шӯрбову торти мевагӣ ҳам дар болои мизи ошхона мунтазири сутуни хонадон - Саид буданд…
Наташа бо хизматгорзан маслиҳат карда, сенарияи қабули мизбонро мекашиданд. Ӯ дастур дод, то Елена тамоман ба чашм нанамояд, аммо ҳар як ҳуҷраро омода кунад.
Бегоҳ дарвоза кушода шуду Саид вориди хона шуд. Ронанда дари қафои «Volkswagen» - ро кушод. Шеф аз мошин фаромадан замон, ронанда дастур гирифта, рафт. Саид аз дар даромаду пуфаки дамкардаи зиёдеро дида, дар ҳайрат монд.
-«Есть кто дома?» (Дар хона ягон кас ҳаст)? –гуфта, чун анъана овоз баровард.
Дар ҷавоб садои Наташаро шунида, ба болотари зинаҳо назар кард. Нигоҳ карду парии ҷазираро дид. Мӯйи сари тиллоранги то китф шоназадаву нукҳояш ҷингилашуда, пироҳани ҳарири домани пешаш аз зону як ваҷаб боло, аммо домани пушташ то замин дароз, пойпӯшҳои пошнабаланди ҳамранги куртааш Наташаи 42 - соларо чун духтари 18 - сола нишон медоданд.
Воқеан Наташа ҳеҷ ба синну соли худ мувофиқ наметобад. Вай соҳиби 2 писари оиладор бошад ҳам, ҳанӯз тамоми баданаш чун булӯр медурахшад. Ягон ожанг дар ягон ҷойи баданаш ба назар намерасад. Ронҳои булӯрини зан дили Саидро ба ларза овард. Лаби борику сурхшуда ва гардани сафеду синаҳои барҷастаи ин зани парипайкар қариб буд, ки Саидро аз пой афтонад. Пештар ҳеҷ тасаввур намекард, ки Наташаи ӯ ин қадар зебост.
Наташа хиромида – хиромида аз зинаҳо поён шуд ва ба Саид наздик шуда, ӯро оғӯш карда, ба ошхона роҳбаладӣ намуд. Пас аз хӯрдани оши палов ҳарду ба ваннаи садбаргӣ рафта, даруни ҳавз винонӯшон хело айшу нӯш карданд. Баъд дар тани урён камзӯл пӯшида дав - давон, ҳатто оби танаашонро хушк накарда, сӯйи хонаи хоб рафтанд. Онҳо намехостанд ҳатто сонияеро аз даст диҳанд.
Дар хонаи хоб ҳарду болои бистар париданд ва ба дунёи бӯсу канор ғӯтта заданд. Лаҳзае пас Наташа Саиди ташнаи висолро андаке тела дода, аз худ дур кард. Мард аз ин рафтори зан ба ҳайрат омада, сабаб пурсид. Наташа андешамандона гуфт:
- Мо ду сол шуд, ки якҷоя зиндагӣ мекунем.
- Ва хуб ҳам мекунем…
- Аммо ман чизи зиёдтар мехоҳам, Саид!
- Ба ту чӣ намерасад, азизам? Биё канорам, вақти нозу нуз нест!
- Не Саид, ман зан ҳастам ва оила мехоҳам!
- Мо ҳарду оилаем.
- Ман никоҳ мехоҳам!
- Наташаҷон, ин ҳеҷ имкон надорад.
- Чаро Саид? Пас, ман кистам? Як хонуми кӯчагии арзон?
- Не, ту ҳама чизи манӣ, аммо дар дини дигарӣ. Маро фаҳм. Ту мусалмон нестӣ?
- Ту ду сол боз бо ман хобу хез мекунӣ ва худрову маро пеши Оллоҳу Исо гунаҳкор мекунӣ. Дин халал намерасонад, аммо барои як муҳр дар шиноснома монеъ мешавад?
Наташа гирён аз ҳуҷра баромад…
Инак, ин марди мусалмон дар назди ӯ ба зону зада, пешниҳоди издивоҷ карда истодааст. Риштаи хаёлоти занро сухани Саид, ки ҳанӯз назди ӯ зону зада буду ангуштарӣ дар даст дошт, бурид:
- Ту розӣ ҳастӣ ҷонам, азизам, Наташа? Ману ту оила бунёд мекунем, фарзанддор мешаем.
- Саид (Наташа ӯро чунин ном мебурд), ту аввал мусалмон шав…
Наташа баъди гуфтани ин ҷумла ба ҳуҷраи хоб даромад. Саиди пакар як зону дар замин дасташ ҳанӯз ҳам ба ҳаво намедонист, чӣ кор кунад. Ӯ гӯё шах шуда буд. Садои кушода шудани пӯки шампон буд ё вино ва ба ҷарангос бархӯрдани гардани шиша ба даҳони қадаҳ Саидро ба худ овард. Наташа дар дохил ба нӯшидан шуруъ кард.
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 хонед.