arzon replenishment
ХУДОЁ, МОТАМИ ИШҚ ДОРАМ...(ҚИСМИ 2)
4527

ИДОМААШ...

                                                

Ба қавле ду моҳи дигар ҳам сипарӣ шуд, вале на Дилшод буду на хабаргирияш. Маҷбур шудам, ки боз худ рақам чида, ҳолпурсияш кунам. Бо баробари бардоштани гӯшӣ бо овози хаставу таъсирбахш гуфтам:

-Дилшод, куҷо шудӣ? Охир, фикри ману писаратро намекунӣ?

Магар маро танҳо барои хизмати падару модарат гирифтаӣ?

Шояд аз садои амромези ман чизеро пай бурд, ки маро дубора дилпур карда гуфт:

-Заринаҷон, бовар кун, дар тараддуди гирифтани чипта ҳастам. Ҳатман имрӯз ё фардо назди шумо расида меоям.

Боз умедворию интизорӣ... бо лаҳзашуморию дидадӯзӣ, як соли дигар дар талоши бахт тоқат кардан...

Вале аз Дилшоди азизам ҳамоно нишоне набуд. Ҳарчанд занг мезадем, аммо ҷавобе намешунидем. Ва оқибат як рӯз хусурам маро наздаш даъват карда гуфт:

-Келин, ба хотири Дилшод шуда, қариб се сол аз хонаи падар ва дидори онҳо маҳрумӣ. Биё, то омадани Дилшод рафта, дар хонаи падарат исто. Кӣ медонад,ин ахмақ чанд соли дигар ваъдахилофӣ мекунад.

-Ростӣ, аз ин қадар дурии Дилшод боре шубҳа намекардам, танҳо умедвор будаму халос... Аммо суханони хусурам чун теғе синаамро мешикофт. Қалбам хуншор мешуд.

Оҳ, бахт...бахт...

Чӣ қадар ширин будаӣ!

Назди хусурам ба зону афтодам, зорӣ кардам, то чанд вақти дигар низ ихтиёрамро ба дастам диҳад, ки интизори Дилшод бошам. Хусурам сарамро сила карда, илова намуд:

-Духтарам, мақсади ман туро аз хона пеш кардан нест. Балки намехоҳам гуноҳи туро ба гардан гирам. Зеро ту ҳанӯз ҷавониву шӯру шавқ ва пеш аз ҳама ҳуқуқҳои худро дорӣ. Ман зомини бахти ту шуданӣ нестам. Аммо ин писари беномусам туро побанди ваъдаҳояш кардааст. Э, садқаи ту барин зан кунад, вайро! Боз гул барин писар низ дорад, чӣ намерасад бар ту?-гӯён, писарашро сарзаниш мекард.

-Духтарам, майлаш, ҳарчи ки хостӣ, ҳамон,-гуфта, аз пайи кораш рафт, хусурам.

Оҳ, интизорӣ! Боз чанд соли дигарро бо бозиҳои ту сипарӣ кардам. Ҳашт соли дигар Дилшодро дар хонаи онҳо интизор шудам. Ба қавлам устувор истода, аз дарвоза берун намебаромадам. Хабарҳо меомад, ки Дилшод дар он ҷо зану фарзанд дораду ёди Тоҷикистон намекунад. Ёдам ҳаст, охирин маротиба 31-уми августи соли 2013-фардо бояд писарчаамонро ба мактаб мебурдам.

Ин навбат низ ният доштам аз фармони ҳашт сол пеш назди Дилшод додаам набароям. Аз ин рӯ, ба хусурам гуфтам, ки дасти Фирӯзамро гирифта, ӯро ба мактаб барад. Ҳамон лаҳза тасодуфан Дилшод занг зан. Бо падараш сӯҳбат мекарду ман аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфтам. Намедонам ба падараш чӣ гуфту чӣ шуд, вале хусурам бо табъи хира телефонро ба ман дароз кард.

Ҳанӯз лаб накушода будам, ки садои гӯшхароши Дилшод ба гӯшам расид:

-Зарина, ҷавобатро додам... Маро бубахш, ин қадар интизорат кардам. Ман ин ҷо зану фарзанд дорам, ту ҳам аз пайи зиндагият шав! Хайр...

Дигар аз сарам чӣ гузашт, дар ёд надорам. Вақте чашм кушодам, дар беморхона хобидаам ва болои сарам падарам ҳамроҳи модарам нишастаанд. Мегиристаму Дилшод мегуфтам. Тӯли ҳашт сол бори аввал дар мотами ишқам гиристам. Ишқе, ки тамоми душвориҳояш бароям пок буду қадраш мекардам.

Ва инак, ба хонаи падару модарам омада, дубора дар донишгоҳ барқарор шудам. Ҳоло бошад, дар соли чорум таҳсил дорам.Дар корхонаи бонуфузе ба кор даромадам. Писарчаам низ дар литсей таҳсил мекунад. Вале то ҳанӯз заифию ноустувории Дилшод қалбамро сиёҳ месозад. Падару модари Дилшод ба дидани писарам ҳар замон меоянд. Шояд сухани вопасини Дилшод маро кушт, ки баъди талоқ Дилшод бароям бегона шуд. Ин лаҳза низ қисса мекунаму беихтиёр мегӯям:

-Худоё, мотами ишқ дорам... Бахт тамоми дороиям буд.

Зарина

АНҶОМАШ

 

                                                                                                                        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД