Sebiston new 2024 october
ХУДКУШӢ АЗ ДАСТИ АМАКИ ЗОЛИМ
11.12.2020
Дилошуб
5017

 

Айёми ҷавонӣ чӣ қадар ширин аст. Дар ин айём инсоният аз ҳама шебу фарози зиндагӣ бехбар аст, зиндагиро чун бозичаи даст тасаввур мекунаду худро чун парандаи озод дар парвоз. Ин айём на ба ҳар кас муясар мегардад, ки ба хушӣ гузарад. Шахсоне ҳастанд, ки дар ин айём паршикастаю аз зиндагӣ дилмонда гардида, ба ҳаёти ширини худ падруд хонданро авлотар медонанд.

Сайёҳат низ, аз ҷумлаи он духтароне буд, ки дар ин айёми ширинии ҳаёт аз зинлагӣ даст шуста, аз ҳаёти дурӯзаи худ хушие надида, ба тақдири худ даст ба гииребон шудаю ба он хотима бахшид. Оилаи онҳо дар яке аз деҳаҳои дурдасти куҳистони помир умр ба сар мебурданд. Падараш марди азимҷуссае буду тамоми бори гарони оиларо бар дӯш гирифта, зиндагиашон ба қавле серу пур мегузашт. Модараш холаи Азиза низ, дар ҳар як пастию баландии зиндагӣ шавҳарашро дастгирӣ намуда, якҷоя бо фарзандон шаҳди зиндагиро мечашиданд. Дар ин оилаи хушбахт тифлакон пайи ҳам ба дунё омада, хушбахтиро дучанд мегардониданд.

Се духтару се писар, ки аз якдигар як ё дусоли дар сол фарқ доштанд рӯз то рӯз ба воя мерасиданду холаи Азиза боз умедвори тифли дигар буд. Оқубат рӯзе фалаки каҷрафтор остонаи мустаҳками ин оиларо тоб дода, онро шикаставу дохили хушиҳои ин оила гардид. Марди хонадон аз бемории бармаҳал вафот кард ва он ҳама хушию хушбахтиҳоро ҳамроҳаш ба зери хок бурд. Фарёди ҷонкоҳи холаи Азиза дили сангро пора мекард, парандагон дар ҳаво садои ӯро шунида ҳамроҳаш фиғон мекарданд. Баъди чанд моҳ ҳамроҳ ба ин гиряву нолаҳо холаи Азиза писар таваллуд кард.Писар чун себи дукафон ба падар монанд буд.Холаи Азиза ба писараш Нишон ном гузошт, зеро ӯ баъди вафоти шавҳараш нишонае ба дунё омада буд. Рӯз то рӯз ин тифлаки нозпарвар ба воя мерасиду ин хонаи сардгаштаро каме ҳам бошад бо хандаю шӯхиҳои кӯдаконааш гарми мебахшид. Ҳамин тавр холаи Азиза тамоми бори гарони зиндагиро бар дӯш гирифта, фарзандонашро ба воя мерасонид. Магар осон буд дар шароити деҳот ҳафт фарзандро хӯрондану пӯшондан.
{{block}
Ба ин ҳама мушкилоти рӯзгор тоб наоварда, холаи Азиза баъди ду соли вафоти шавҳараш аз дунё чашм пӯшид. Акнун фарзандоне, ки аз меҳри падари маҳрум шуда буданд, аз меҳри модарӣ низ, маҳрум гаштанд. Нишони ду сола, ки намедонист қисмати талх ин қадар тақдири пастро ба болояш оварда аст бо ҳамон хандаву бозиҳояш дар майдончаи хурди назди хонаи падариаш шодӣ мекарду медавид, бехабар аз тақдири талхе, ки ӯро дар тифли аз оғуши гарми волидон маҳрум сохта буд, ғарқи дунёи тифли даву тоз мекард. Баъди вафоти модар тарбияи кудакони ятим бар дӯши амакашон гузошта шуд. Дар хонаи амак, ки барояшон бегона буду ҳеҷ меҳри дустдориеро эҳсос намекарданд рӯзашон ба мушкили паси сар мешуд. Амаки золимашон, ки заррае меҳру муҳаббат нисбаташон надошт, ҳама корҳои вазнини хоҷагиро бар душашон бор мекард, маҷбур месохт, ки ба ҳама гуфтаҳояш рози бошанду фармоишҳояшро дар вақташ иҷро намоянд. Якҷоя ба ин мушкилиҳо рузҳо паси сар мешуданду яке паси дигаре ба воя мерасиданд. Писарони калони мактабро хатм намуда, барои пайдо намудани қути лоямут ба шаҳр рафта худро аз ин хонаи пурмашаққат халос намуданд.

Духтарони калони низ ба балоғат расида, пайи ҳам ба шавҳар баромаданд. Бори гарони рӯзгор бар сари Сайёҳат расид. Нишони ду сола, ки хеле калонак шудаву нигогуҳубиниаш бар души Сайёҳат гузошта шуда буд, то ин дам монанд ба як писараки чақону боақл ба воя мерасид. Сайёҳат дар ин хона рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронид. Амакаш, ки хоҷагии калони деҳқони дошт ва бо парвариши кирмак низ, машғул буд. Ин ҳама бар души Сайёҳати нав ба балоғатрасидаву дар айёми ҷавонӣ хазонгашта гузошта шуда буданд. Аз субҳ то шом Сайёҳат ба кори саҳро машғул мешуду шаб ба нигоҳубинии кирмакҳо, ба қавле аз зиндагӣ сер шуда буд. Магар осон аст, ки лаҳзае осудагиро эҳсос накунию нафаси озод кашида натавонӣ. Духтарони ҳамсолаш дар кӯчаҳо ба ҳам сайру гашт кардаву рӯзҳои дароз ба ҳамдигар сӯҳбат мекарданд ҳавасашро меовард, аммо ҳеҷгоҳ наметавонист ба онҳо нишинаду каме ҳам бошад дарди дил намоя. Додаракаш Нишон низ, зери лагати кӯдакони ҳамсояҳо дар кучаҳо гирёну хурӯшон ба хона меомад. Ягона мутаккои дилаш апаи дилсӯзаш буд, вале ӯ рӯзи дароз машғули кор буду вақти ба додараш нишастану дӯстдорӣ карданро ҳам надошт.

Аз як тараф азоби рӯзҳои сахт, аз тарафи дигар оби чашми додараки ятимашро дида дили ҷавонаш якбора хазону сард мегашт. Ба ин ҳама сахтиҳою машаққатҳо тоб наоварда, хост ба ин ҳама душвориҳо дар набарди зиндпгӣ хотима бахшад. Моҳи июн буд, дарёчаҳо аз охирҳои моҳи май сар карда дар тобистони гарм хурӯҷ карда, калон мешуданд, Сайёҳат додари ятимашри сахт дар оғушаш гирифта, зор зор гиря кард. Агар ин гиряҳои бесадои ӯро касе медид эҳсос мекард, ки на ашк аз чашмони ӯ ҷорӣ буд, балки аз чашмони зебое, ки боре хурсандиро надида буданд хун фавора мезад. Он лабоне, ки боре табассумро надида буданд аз ҳисиёти ғаму дарди зиёд дир дир муларзиданду ҳамоно додари чун Юсуф зебосифаташро мебӯиду мебӯсид ва такрор ба такрор мегуфт: маро бубахш азизам, ман дигар ба ин азобҳо тоб оварда наметавонам, туро ба худо месупорам. Паноҳат бар худо бод. Нишон, ки танҳо меҳрашро ба ӯ эҳсос мекард, танҳо қалбаш дар ҷисмаш метапиду ҳеҷ чиз намегуфт. Ашки чашмони апаашро бо кафи дастонаш пок мекарду ба рӯйи чун моҳ зебои ӯ назар карда, дар дили нозуки кӯдаконааш мегуфт, ки апаҷон чаро гиря мекуни? Чаро ба ман дилат месӯзад? Ман хушбахтам, ки туро дорам, аммо афсӯз, ки Нишон аз мақсади апаи дӯстдораш бехабар, намедонист, ки ягона муттакою нозбардораш ин лаҳза ӯро раҳо мекунаду ба якборагӣ аз наздаш дур мешавад.

Нишон оғуштаи ин хаёлҳо ҳамоно қалби кӯдаконааш дар оғуши апааш як гармиеро эҳсос кардаву метапид. Сайёҳат додарашро бо як машаққат аз оғушаш сар дода, даруни ҳавли бурда гусел кард ва бо баҳонае худаш ғайб зада, ба лаби дарёчаи назди қишлоқашон баромада, худро дар оғуши дарёи пурпечутоб партофт. Шояд ҷони ширинаш ба дарё муқобилият нишон дода раҳо шудан хост ва аз карда пушайон шуда буд, вале афсӯз, ки дарёи пурталотун ӯро раҳо кардан намехост. Ҷасади сарди ӯро дарё ба қаъри худ кашида бурд. Баъд аз ин ҳодиса мардуми деҳа аз беадарак шуданаш хабардор шуданду муддати се рӯз кофтуков карданд ва дар ҳеҷ куҷо ҷасадашро пайдо накарданд.Танҳо калушҳояшро дар назди харсанги лаби дарё пайдо намуда боварӣ ҳосил намуданд, ки худро ба дарё партофтааст. Ин дарёча каме поёнтар ба оби панҷ ҳамроҳ мешуд. Бинобарин мардуми деҳот ёфтанашро ғайри имкон шуморида аз кофтани ҷасадаш худдори намуданд. Аз ин рузҳо сар шуданд рузҳои сахти Нишон. Он писараки чақону зебо оҳиста оҳиста зери тасири лату кӯб ва зӯровариҳо ба як ҷавони камгапу музлим ба воя расид. Имрӯз гарчанде, ки синнаш аз хонадоршавӣ ҳам гузашта бошад, дар ин фикр несту эҳсоси хушбахтиро дар дилаш напарварида аст.Агар касе дар ин бора суолаш кунад ҳам, ба касе ҷавобе намедиҳад.

Мурғи дилаш шикаставу аз парвоз боз монда аст. Ин ҳақиқатеси,ки танҳо бо ивази номҳо саргузашти як тан духтари куҳистони ва бародари мазлуми ӯ рӯи қоғаз овардаам. Хонандагони азиз баъди мутолиа кардани ин нома маслиҳати худро ба ин ҷавони раҳгумзада дареғ надоред. Боварӣ дорам,ки маслиҳатҳои шумо барояш як роҳи ҳаёти навро мекушоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД