Маҳсулоти лозима:
Биринҷ – 500 грам
Гӯшт – 500 грам
Картошка – 3 дона
Сабзӣ – 1 дона
Пиёз – 2 дона
Оби ҷӯшомада – 450 мл
Нахуди сабз
Ҷувворимакаи консервашуда
Намак, мурч – мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Тобаро дар оташи паст гузошта, равған мерезем ва гӯштро борик реза карда, дар тоба то об бароварданаш бирён мекунем. Ба дарунаш намак, мурч, ним истакон об рехта, сарпӯши тобаро пӯшонида мемонем, то ки бирён шавад. Гӯшт, ки бирён шуд, дар зарф мегирем. Картошка, пиёз, сабзиро гирд реза карда, дар дег ҳамаашро кам-кам бирён карда, дар зарфҳои алоҳида мегирем. Пасон, биринҷро дар дег каме бирён мекунем. Баъд аз он ки ҳама маҳсулоти лозимӣ омода шуд, дар деги дигар каме равғани растанӣ мерезем ва пиёз, гӯшти бирёншуда, картошка, сабзӣ, намак, мурч, биринҷ ва гароху ҷувворимаккаи консервашуда андохта, оби ҷӯшомада мерезем. Хӯрокро дар оташи миёна 30 дақиқа пӯхтан лозим аст. Баъд аз пӯхтан таомро 30 дақиқаи дигар дам медиҳем ва пас аз он дар табақ бардошта истеъмол мекунем.
Бо иштиҳо бошед!