Formula novemver 2024
Хӯрок ва давоҳои содаи халқие, ки занро чун фаришта зебо месозанд
2292

 

Маслиҳати 1
Ҳар субҳ дар ишками гурусна 1 қошуқ тухми зағирро нағзакак хоида бо як истакон оби ширгарм фурӯ баред. Баъди ним соат метавонед наҳорӣ кунед. Тухми зағир ҷисмро хеле хуб тоза мекунад ва дар натиҷа пӯст ҳамвортару ботароват мегардад. Тухми зағир мӯй ва нохунҳоро низ бақувват мекунад.

Маслиҳати 2
Ҳамарӯза аз лаблабуи пухта хӯриш тайёр карда истеъмол намоед. Лаблабӯ пӯстро ба таври аъло тоза мекунад. Пӯст тоза бошад, зан зебо менамояд.

Маслиҳати 3
Ҳар бегоҳ як соат қабл аз хоб ба рӯятон маҳлули аз омехтаи глитсерин ва витамини Е омодашударо молед. Барои 30 мл глитсерин 10 капсула витамини Е лозим аст. Капсулаҳоро бо сӯзан сӯрох карда ба даруни шишача резед. Аввал пӯсти рӯйро тоза карда бо чуткачаи мулоимак тавре маҳс кунед, ки пӯст андаке сурх шавад. Дар ин ҳолат ҳуҷайраҳои пӯст моддаҳои ғизобахшро ба тамом ҷабида мегиранд. Камбудии ягона ҳамин аст, ки то ҷабида шудани глитсерин пӯст часпак мегардад. Барои рафъи ин ҳолат ба рӯятон тоники тароватбахш пошед. Ҳар бегоҳ молидани ин маҳлул боиси ҳамвор гаштани чинҳо ва ботароват гаштани пӯст мегардад. Ин маҳлул чинҳои атрофи чашмро ҳамвор месозад.

Маслиҳати 4
Ҳамарӯза на камтар аз 50 грамм чормағз хӯред. Аллакай баъди 2 ҳафта ҳолати нохун ва мӯйҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Маслиҳати 5
Дар 3 рӯз як маротиба аз хокаи ҳардал (горчитса) бо иловаи равғани мушхор ё растанӣ маҳлули шавламонанд тайёр карда, ба мӯйҳои тари худ молед ва баъди 20-30 дақиқа шӯед. Баъди як моҳи молидани ин маҳлул шумо мӯйҳоятонро намешиносед.

Маслиҳати 6
Новобаста аз фасли сол ҷӯроби пахтагин пӯшиданро одат кунед. Қабл аз хоб, баъди оббозӣ ба пойҳоятон равғани маскаи бо чанд қатра равғани хушбӯй омехташударо моледу ҷӯробҳоро пӯшида хоб равед. Баъди як моҳ атрофиён ба пойҳои шумо бо ҳавас менигаранд.

Маслиҳати 7
Барои он ки миҷгонҳо сиёҳтару бақувват гарданд, лӯлачаи холишудаи тушро бо об шуста тоза кунеду ба дарунаш равғани гандум гиред. Ҳар шаб қабл аз хоб ин равғанро ба миҷгонҳоятон молед.


Маслиҳати 8
Хеле хуб мебуд, агар шумо равғани амарантро ба даст биёред. Қисмати асосии ин растании муъҷизавиро сквален фаро мегирад. Пӯст ин равғанро 100% ҷабида мегирад. Ин равған чину пай, сӯхтагӣ ва дигар иллатҳои дар пӯст мавҷудбударо рафъ месозад. Равғани амарантро ҳамарӯза ба рӯю гардан молидан лозим аст.

Маслиҳати 9
Барои чайқонидани мӯятон оби махсус тайёр кунед. Баъди ҳар дафъаи саршӯйӣ ба 1 литр об 5 қатра равғани ментол илова намуда, кокулонатонро чайқонед. Ин маҳлул дарди сарро таскин бахшида, сабӯсакро нест мекунад, барои мӯйи аз ҳад зиёд равғанин низ давои бемисл аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД