Маҳсулоти лозима:
2 боимҷон, 2 қошуқ равғани растанӣ, 2 қошуқ соуси соя, 1-2 дандона сирпиёз, як мушт чормағз, 3 помидор, 150 грамм панир, мурч, пиёзи сабз.
Тарзи таҳия:
Дар тоба равғанро тафсонида, боимҷони резаро муддати 15 дақиқа бирён кунед. Ба боимҷони бирёншуда соуси сояро илова карда, боз 2-3 дақиқаи дигар бирён кунеду баъдан оташро хомӯш созед. Сирпиёзу чормағзро майда кунед. Помидор ва панирро борик реза кунед. Тамоми маҳсулоти номбаршударо бо мурч омехта намуда, бо пиёзи сабз оро диҳед.