Маҳсулоти лозима:
300 грамм замбурӯғи очонидашуда, 2 картошкаи обпаз, 150 грамм панири сахт, 1 бодиринги шӯр, 2 тухми обпаз, 1 пиёз, 100 грамм майонез, шибит, гашниз, равғани растанӣ.
Тарзи таҳия
Замбӯруғи очонидашударо реза карда, дар равғани офтобпараст зирбонед. Пиёзро алоҳида бирён кунед. Картошкаро дар об пухта, чоркунҷа реза кунед. Панир, тухми обпаз, бодирингро хурд реза карда, ҳамаи маҳсулотро бо намаку мурч ва майонез омезед.