Formula september
Хӯриши рулет аз боимҷон барои захираи зимистон
612

Маҳсулоти лозима:

Боимҷон – 15 дона

Булғории сурх – 2 дона

Булғории сабз – 2 дона

Помидор -  1 дона

Сабзӣ - 5 дона

Сирпиёз – 1 дона

Намак, уксус, шакар, мурч ва зира – мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Аввал ҳамаи маҳсулоти лозимиро тоза мешӯем. Боимҷонҳоро дарозаки тунук реза мекунем ва дар тоба ҳардутарафашро бирён мекунем. Пас аз бирён кардан дар салфеткаи хушк мегирем, то ки равғани зиёд дар боимҷон намонад.

 Булғориро дарозак реза мекунем, баъд сабзиро аз тарошаки сабзигузаронак мегузаронем. Сирпиёзро тоза карда реза мекунем. Боимҷонҳои бирёншударо дар табақ мегирем ва дар дарунаш булғорӣ, сабзӣ,помидор, сирпиёз ва кабудиро рехта мепечонем.

Дар банкаи 1 литраи стерилизатсияшуда 2 дона сирпиёзро мегузорем, баъд рулетҳои боимҷониро то пур шудани банка ба он меандозем ва аз болояш 2 қошуқча шакар, 1 қошуқча намак ва уксус илова мекунем. Шарбати помидор( тамат)-ро дар оташи паст 5 дақиқа меҷӯшонем ва ба болои хӯриш мерезем. Сарпӯши банкаро гузошта банкаро маҳкам мекунем.

Дар зарфи дигар оби ҷӯшомада мегирем ва дар оташи паст мегузорем, банкаҳоро дар он гузошта, 20 дақиқа мемонем  то ки стрелизитсия шаванд. Пасон банкаҳоро аз он гирифта дар ягон ҷои салқин мегузорем, то зимистон захира шуда меистанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД