Маҳсулоти лозима:
500 грамм замбурӯғ, 150 грамм панир, 1 бонка ҷуворимаккаи очонидашуда, 1 пиёз, майонез.
Тарзи таҳия:
Пиёзро дар равған сурх карда, ба он замбурӯғро илова намоед ва муддати 5-10 дақиқа пазед. Ба замбурӯғи гарм панири аз турбтарош гузаронидашударо илова кунед. Баъдан ҷуворимакка ва майонез илова намуда, нағзакак омезиш диҳед.